Пас аз заминларзаи Чили дар Ҷопону Русия тӯфон дар назар аст

© Pablo Ovalle Isasmendi/AGENCIA UNO via APОқибати заминларзаи шадид дар Чили. 16 сентябри соли 2015
Оқибати заминларзаи шадид дар Чили. 16 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми чаҳоршанбе ба панҷшанбе заминларзаи 8,4 баллӣ Чилиро такон дода, хисороти ҳангуфт ва қурбонии одамонро лар пай дошт.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.  Дар пайи заминларзаи шадид дар Чили, дар соҳилҳои мутаалиқ ба Русия сотаи 21:50-и рӯзи панҷшанбе ва дар Ҷопон соатҳои тахминан 22:28 сунамӣ пешбинӣ шудааст, мегӯяд, Маркази ҳушдори сунамии уқёнуси Ором.

Заминларзаи 8,4 баллӣ шоми чаҳоршанбе ба панҷшанбе ба вуқуъ пайвастааст. Маркази заминларза дар 54 километрии шимолу ғарби шаҳри Иляпел ва 228 километрии шимоли Сантяго ба қайд гирифта шудааст.

Ин заминларза пасларзаи 6,4 баллиро низ дар пай дошт. Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Чили дар пайи ин заминларза ду нафар ба ҳалокат расида, 15 тани дигар захм бардоштаанд.

Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Чилӣ аз мавҷи 4,5 метрии сунамӣ дар шаҳри Кокимбо хабар додааст. Тибқи иттилои Маркази ҳушдори сунамии уқёнуси Ором ба Уст-Камчатск соати 18:50 ба вақти маҳаллӣ (21:50 ба вақти Маскав), ба Петропавловск-Камчатск соати 19:22 ба вақти маҳаллӣ (22:22 ба вақти Маскав) ва ба ҷаҷазираҳои Уруп соати 19:44 ба вақти маҳаллӣ хоҳад расид.

Дар Ҷопон мавҷи он то шаҳри Кусир дар ҷазираи шимолии Хоккайдо дар соати 20:28 (23:28 ба вақти Маскав), то шаҳри Катсур, наздикии Токио соати 20:59 ба вақти маҳаллӣ (23:59 Маскав) ва то шаҳри Набеока дар ҷазираи ҷанубии Куюс соати 22:17 (01:17 Маскав) хоҳад расид, афзудааст Маркази ҳушдори сунамии уқёнуси Ором.

Маркази ҳушдори сунамии уқёнуси Ором зикр кардааст, ки мавҷи аввал метавонад, шадид набошаду замони руйдод ҳам метавонад бо вақтҳои нишондодашуда мутобиқат нанамояд. Замони миёни ин ду мавҷ аз 5 то 1 соат пешбинӣ шудааст.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0