Бадахшон: дар Рангкӯли Мурғоб 12 хонавода бӯрёкӯбон доранд

Ин ҷамоат минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон бо давлати Чин мебошад, ки аз се деҳа- Рангкӯл- маркази ҷамоат, Чичикдеҳ ва Субаши иборат аст ва ҳудуди бештар аз 1600 нафар аҳолӣ дорад.

Душанбе, 17 сен — Sputnik. Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед  дар деҳаи Рангкӯли ҷамоати деҳоти Рангкӯли  ноҳияи Мурғоб 12 хонаи истиқоматии навбунёдро ба соҳибонашон супориданд, иттилоъ доданд ба Sputnik aз дастгоҳи иҷроияи ҳукумати ВМКБ.

Халтаи орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Гаронии орд дар Мурғоб дар пайи офатҳоии табиии Бадахшон

Ба қавли манбаъ, дар пайи офати табиӣ ва селу обхезиҳо дар моҳҳои июл-августи соли равон дар ин рустои баландкӯҳ 12 манзили истиқоматии сокинон комилан тахриб гардида, 21 хона қисман зарар дида буданд.

"Ҳамакнун, бо дастгирии ҳукумати кишвар тайи муддати яку ним моҳ манозили маскунӣ пурра навсозӣ гардида, ба зарардидагон супорида шуданд",- меафзояд сарчашма.

Хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар ин ноҳия бо тамоми ҷиҳози зарурӣ  таъмин шудаанд. Ҳамчунин ҳамарӯза  аз ҷониби сокинони кишвар ва Агентии  захираҳои моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои зарардидагони офат маводи ниёзи аввал расонида мешавад.

Ҷамоати мазкур минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон бо давлати Чин мебошад, ки аз се деҳа- Рангкӯл- маркази ҷамоат, Чичикдеҳ ва Субаши иборат аст ва ҳудуди бештар аз 1600 нафар аҳолӣ дорад. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала