Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред
https://sputnik-tj.com/20150918/1016822168.html
Мағлубияти тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Ироқ
Мағлубияти тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Ироқ
Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 ғолибони ёздаҳ гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ва чор дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаи беҳтар дошта роҳхат мегиранд. 18.09.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-09-18T08:00+0500
2015-09-18T08:00+0500
2015-09-18T08:16+0500
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/101387/62/1013876236_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_ea9233e6adff3f46c5b456435c4678e5.jpg
ироқ
тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
бохт дар сафар, шикасти аввалини тими тоҷикистон, футбол, мунтахаби наврасони тоҷикистон, чемпионати осиё-2016, султоншо мирзоев, фаридун неъматов, зайниддин раҳимов, ироқ, тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, дар ҷаҳон, ҷавонон ва варзиш, дар тоҷикистон
Мағлубияти тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз Ироқ
08:00 18.09.2015 (Навсозишуда: 08:16 18.09.2015) Ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 ғолибони ёздаҳ гурӯҳи марҳилаи интихобӣ ва чор дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаи беҳтар дошта роҳхат мегиранд.
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар бозии нахустини марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 байни наврасон дар гурӯҳи "С" мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз наврасони Ироқ бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи кишвар.
Ҳисоби бозиро наврасони Тоҷикистон боз карданд. Дар дақиқаи 39 вохӯрӣ Фаридун Неъматов аз масофаи дур бо зарбаи сахт дарвозаи ироқиҳоро рахна сохт.
Ба иттилоъи манбаъ, то ин лаҳза, аниқтараш се дақиқа қабл, нимҳимоягари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Султоншо Мирзоев пеналтиро амалӣ карда натавонист. Мутаассифона шогирдони Зайниддин Раҳимов бартариро нигоҳ дошта натавонистанд. Дар дақиқаҳои охири қисми якуми вохӯрӣ наврасони мунтахаби Ироқ на танҳо ҳисобро баробар карданд, балки дастаи худро ба сафи пеш бароварданд.
Дар дақиқаи охирини қисми аввали бозӣ Муҳаммад Ридха ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи дуюми ба вақти асосии қисми якуми вохӯрӣ илова шуда бошад Мунтадҳир Абдулсада голи дуюми ироқиҳоро ба самар расонд. Голи сеюми мунтахаби Ироқро, дар қисми дуюми бозӣ Алаа Аднан Ҷаббор зад.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ наврасони Қатар бар мунтахаби наврасони Туркманистон бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 пирӯз шуданд.
Бозии навбатии тими футболи наврасони Тоҷикистон рӯзи 18 сентябр баргузор мешавад.