Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Намояндаи вижаи ИА: мо ҷонибдори амну субот дар Тоҷикистонем

© пресс-служба МИД Таджикистана / Гузаштан ба хазинаи аксМулоқоти намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо Петер Буриан бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. 17 сентябри соли 2015
Мулоқоти намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо Петер Буриан бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов. 17 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо бо фиристодани намояндаи вижааш бори дигар дастгирии худро аз тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи амнияту субот дар кишвар эълон кардааст. Аврупо ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, гуфтааст дипломат.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Петер Буриан дар шаҳри Душанбе мулоқот кардааст, менависад дафтари матбуоти ВКХ.

Ҳелга Шмидт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо ҳамлаҳои 4 сентябр дар Тоҷикистонро маҳкум кард

"Петер Буриан дар мавриди ҳаводиси ахире, ки дар кишвар рӯй дод, бори дигар дастгирии Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот таъкид карда, омодагии Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики боэътимод ва ҷонибдори Тоҷикистон дар роҳи субот, ислоҳоти демократӣ ва шукуфоӣ баён намуд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Манбаъ меафзояд, дар ин вохурӣ, ки роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Хидайет Бишчевич ҳам ҳузур дошт, равандҳои муҳими ҳамкории дуҷониба миёни Аврупову Тоҷикистон, амният, масъалаҳои минтақавӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала