Дар масҷиди “Ҳоҷӣ Яъқуб” хутба аз “Ҳоҷӣ Ҳалим” ва Кабирӣ буд

© Sputnik Амир ИсаевМасҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб
Масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Азбаски тафсиру ташреҳи баёния ва изҳороти расмии мақомоти қудратии Тоҷикистон дар масоҷиди кишвар вазифаи рақами 1-и имом-хатибон шудааст, қироати гузориши Додситонии кулли кишвар дар робита ба ҳаводиси ахири марбут ба генерал Назарзода дар Душанбею Ваҳдат, инчунин дараи Ромит ҳам дар хутбаи намози ҷумъаи ин ҳафта аз эҳтимол дур набуд.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Хабарнигори Sputnik ин дафъа барои адои намози ҷумъа ва ҳам шунидани "хутбаи сиёсӣ" озими масҷиди маркази пойтахт, мавсум ба "Ҳоҷӣ Яъқуб" гардид, ки дар бештари маврид аз минбари он раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, Сайидмукаррам Абдулқодирзода ба намозгузорон мавъиза мекунад.

Сайидмукарам Абдукодирзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Абдуқодирзода: ҳамла дар Ваҳдату Душанбе кори ҷонибдорони ҲНИТ аст

Чун ҳамеша роҳи ҷониби масҷиди "Ҳоҷӣ Яъқуб" лабрез аз намозгузорони саҷҷода ба даст ва гадоҳое буд, ки ба ҷои зораву таваллои роҳгузарон бо тарсу ҳарос ҳузури ногаҳонии кормандони пулисро мунтазир буданд. Милисаҳо чун ҳарвақта бо "протокол" кардани фурӯшандаҳои гирду атрофи масҷид машғул буданд, ки ҳамагӣ баъд аз чанд дақиқаи "ҷарима" шудан дар даст молу колои худ дубора ҳозир мешуданд.

Хуллас, пешгӯии мо ин дафъа ҳам хато набаромад. Бо ворид шудан ба саҳни намозгоҳ овози муфтӣ Абдулқодирзодаро шунидем. Дигар яқин шуд, ки ин ҷумъа низ "хутбаи сиёсӣ" хоҳем шунид.

13 тонна тилои Тоҷикистон ва 120 миллиони "Ҳоҷӣ Ҳалим"

Раиси Шӯрои уламо дар мавъизаи пеш аз намози ҷумъа, ки бояд ба шарҳу тафсири ояту аҳодис ва рукнҳои фарзу суннати шариати исломӣ бахшида шавад, дар бораи молу амволи пешвои ҲНИТ- Муҳиддин Кабирӣ ва генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" суҳбат мекард.

"Бо роҳи ҳарому хиёнат ва ҷосусӣ молу амвол ҷамъ кардаанд. Ҳоло молу амволи танҳо генерали хоин, Ҳоҷӣ Ҳалим, ки ҳамчун муовини вазири дифои кишвар кор мекард, 120 миллион (аммо муфтӣ шарҳ надод, ки 120 миллион сомонӣ, доллар ва ё евро) гуфта шудааст",-иброз дошт раиси Шӯрои уламои кишвар. Ӯ таъкид мекард, ки ин ҳама молу сарват дар ҳамкорӣ ва нақшаҳои муштарак бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ ҷамъоварӣ шудаанд.

Ба андешаи Абдулқодирзода, онҳо нақша доштаанд, бойигарии давлати Тоҷикистонро, ки боре дар пайи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дуздида шуда буд, боз дубора ғорат кунанд.

Генеральная прокуратура РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулл: Назарзода бо дастури Кабирӣ амал мекард

"Дар гузориши солонаи ҳукумати Тоҷикистон ман боре шахсан ҳузур доштаму он ҷо гуфта шуд, ки ҳоло дар пасандоз 13 тона тилои холиси дараҷаи олӣ вуҷуд дорад. Ҳоло мехостанд, ин бойигариҳоро бори дигар ғорат кунанд", — афзуд раиси Шӯрои уламо.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, генерал Назарзода аз зумраи қотилони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мебошад, ки ба гуфтаи ӯ бо дастури "хоҷагони хориҷӣ"-и худ тамоми дороию сарвати кишварро дуздида ба хориҷ бурдаанд.

"Ин Ҳоҷӣ Ҳалим дар ҳамон нооромиҳо яке аз фаъолон ва қотилон буд, ки ҳукумати кишвар ин ҳама сол ӯро дар оғӯш гирифту тарбия ва бовар карда, мансабу мақомҳои баланд дод. Барои он ки сулҳу ваҳдат ва оромии мову шумо пойбарҷо бошад, вале ӯ ҳаргиз дӯст нашуд. Барои ӯ чӣ намерасид?! 20 мошин дошту дар як бино бист хонаву ҳуҷраро соҳибӣ мекард. Албатта, ки вобаста аз худаш набуд. Ҳамчун хоину ҷосус, ки кор кард, ҳар чи он саркардаву хоҷаҳо, ки гуфтанд, ҳамонро бояд иҷро мекард",- таъкид мекард, бо хашму ғазаб раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Пас аз ин муфтии Тоҷикистон ба шарҳи изҳороти Додситонии кулли кишвар пардохта, иброз дошт, ки ин мақоми ҳуқуқӣ ҳаводиси ахири хунини кишварро таҳқиқ кардаву бо нашри гузориши муфассал ин ҳамаро "кори дасти ҲНИТ ва фармони Муҳиддин Кабирӣ" донист.

Оқои Абдулқодирзода дар бораи молу амволи Муҳиддин Кабирӣ ҳам суҳбат карда, гуфт худи ҳамин раиси ҲНИТ дар аксар шаҳру минтақаҳои Туркия хонаву истироҳатгоҳҳо дорад.

"Ин ҳама бо маслиҳату нақшаҳои пешакии хоҷагони хориҷиашон шудааст",- илова кард вай.

Агар ҷумъаи гузашта ин ҷо мебудед…

Дар ҳоле ки ҷаноби муфтӣ ба ироаи "хутбаи сиёсӣ"-и худ идома медод, аз чеҳраву симои намозгузорони сафкашидаи масҷид маълум буд, ҳама бесаброна садои азони муаззинро интизор буданд.

Муҳиддин Кабирӣ дар парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кабирӣ: масъала дигар бастан ва ё набастани ҲНИТ нест

Яке чашмони худро пӯшидаву вонамуд мекард, ки мавъизаро намешунаваду дигарӣ барои нафаҳмидани гузашти вақт бо ҳисоби пул, ё гулҳои рӯйи ҷойнамозаш худро машғул месохт ва сеюмӣ соат мепурсиду чаҳорумӣ худу ҳамсафонашро мутақоид мекард, ки "мавъизаи ин ҳафтаинааш ҳоло хубтар аст, агар ҷумъаи гузашта мебудед…"

Садое дигар аз пушт шунида мешуд, ки мегуфт, "хайр ним соати дигар аст, ҳеч гап не, гӯш мекунем…"

Фишурдаи изҳороти Додситонии кулл, ки сабаби "хутбаи сиёсӣ"-и навбатӣ шуд

Рӯзи 17 сентябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳорот боздошти 13 узви фаъоли ҲНИТ-ро тасдиқ карда, гуфт, онҳо ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо амалҳои генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини кушташудаи вазири дифои кишвар дастгир гардидаанд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли кишвар, генерал Назарзода гӯиё бо дастури бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ беш аз 20 гуруҳи хурди мусаллаҳ ташкил кардааст, ки мехост бо истифода аз онҳо оромии Тоҷикистонро барҳам занад.

 

Лентаи хабарҳо
0