Маҳдудияти дастрасӣ ба Skypе дар саросари олам

© Sputnik Игорь ЛекаркинМушкил ҳангоми ворид шудан ба Skype 21 сентябри соли 2015
Мушкил ҳангоми ворид шудан ба Skype 21 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Skypе дар ҷаҳон маҳдуд шудааст. Ҳангоми ворид шудан ба ин шабака корбарон бо навиштаи “Пайвастшавӣ ғайриимкон аст” рӯбарӯ хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Хидматрасонии IP-телефонии Skype, ки ширкати Microsoft онро ибтидои моҳи майи соли равон ба даст оварда буд, дар саросари ҷаҳон аз фаъолият боз мондааст.

Ҳангоми ворид шудан ба ин шабака корбарон бо навиштаи "произошла ошибка" рӯбарӯ мешаванд, ки система пешниҳод мекунад, аз ин мушкил ба Microsoft хабар диҳанд.

Бархе аз корбарон дар ҳоли ҳозир метавонанд аз ин барнома бидуни намоиши руйхати дустон ва бахшҳои муҳимми он истифода кунанд. Аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба Skype бархе аз корбарони системаи Linux ҳам дар блогҳои худ навиштаанд.

Баъд аз гузашти ҳамагӣ чанд дақиқа дастрасӣ ба сомонаи расмии ширкат Skype.com ҳам қатъ гардидааст.

"Бархе аз корбарон ҳангоми ворид шудан ба Skype бо мушкиле рӯбарӯ мешаванд, ки дар ҳоли ҳозир омили аслии он мавриди омӯзиш қарор дорад", навиштаанд намояндагони ширкат дар дар саҳифаҳояшон дар Twitter.

Бори аввал чунин мушкили ҷаҳонӣ дар фаъолияти Skype моҳи декабри соли 2010 пеш омада буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала