Муфтии Тоҷикистон: биёед аз гуноҳи якдигар бигзарем

© Sputnik / Игорь Лекаркин / Гузаштан ба хазинаи аксПразднование Курбан-Байрама в странах ближнего зарубежья
Празднование Курбан-Байрама в странах ближнего зарубежья - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокинони Тоҷикистон имрӯз, 24 сентябр дар баробари пайравони дигари дини мубини Ислом дар гӯшаву канори олам Иди қурбон ё азҳо, яке аз ду иди бузурги мусулмононро ҷашн мегиранд.

ДУШАНБЕ, 24 сентября — Sputnik. Хабарнигорони Sputnik ҳам барои адои намози Иди қурбон роҳ сӯи масҷиди "Ҳоҷӣ Яъқуб", масҷиди марказии шаҳри Душанбе гирифтанд.

Путин ҳамроҳ бо Эрдуғон ва Аббос аз масҷиди Маскав дидан карданд

Ҳангоми наздик шудан ба Масҷиди марказии пойтахт бо шумори бесобиқаи кормандони пулис рӯбарӯ шудему фикр кардем, мансабдоре ҳатман барои табрикоти намозгузорон ба масҷид хоҳад омад, ки баъдан ғалат баромад. Бо наздик омадан ба саффи кормандони пулис маълум шуд, на ҳама метавонанд дар маросими адои намози Иди қурбон, ки дар як сол як бор баргузор мешавад, ҳузур дошта бошанд. "Ту куҷо омадӣ? Баргард! Ту худат чанд солаӣ?", — мегуфт корманди пулис ба ҷавони тахминан 16-17-сола.

Аммо ногаҳ дастгоҳи аксбардории ҳамкори мо таваҷҷуҳи нозирони тартиботи ҷамъяитиро бештар ҷалб кард ва ҷавонро раҳо кардаву гирди мо ҷамъ шуданд. Бо дидани ҳуҷҷати хабарнигорӣ яке аз онҳо мегуфт, бигзор бираванд, дигарӣ таъкид мекард, ки "раҳшон натиен мумкин нестай". Аммо  сеюмӣ хост, дастгоҳи аксбардориро тафтиш намоянду раҳо кунанд.

Наздкии даромадгоҳи марказии масҷид ҳам моро кормандони дигари пулис "пешвоз" гирифтаву бо ишора назди худ хонданд. Бидуни бурдани ному насаб яке аз онҳо хешро нозири минтақавии ин маҳалла муаррифӣ карда, хост ҳуҷҷатҳои худро нишон диҳем.

© Sputnik / Игорь Лекаркин / Гузаштан ба хазинаи аксПразднование Курбан-Байрама в странах ближнего зарубежья
Празднование Курбан-Байрама в странах ближнего зарубежья - Sputnik Тоҷикистон
Празднование Курбан-Байрама в странах ближнего зарубежья

Бо дидани шиносномаи дохилию ҳуҷатҳои хабарнигорӣ зоҳиран қонеъ нашуду хост шаҳрвандии ҳамкори симои зардина доштаи моро аз даҳони худаш бифаҳмад, ки пурсид, "ты таджик?" Аммо аз чи сабаб буд, ки ногаҳон ба суолаш посух ногирифта чеҳрааш сурхшуду бо баргардонидани ҳуҷҷатҳо гуфт, "метавонед биравед!" 

"Биёед дар ин рӯз аз гуноҳи якдигар бигзарем…"

Чун вориди саҳнаи масҷид шудем, фазои дохил комилан фарқ мекарду сухан аз ухувату бародарӣ, бахшоишу боварӣ ба ҳамдигар ва сабру шикебоӣ мерафт. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз тамоми намозгузорону сокинони кишвар даъват мекард, биёед дар ин рӯз аз гуноҳи якдигар бигзарему ҳамдигарро дар оғӯш бигирем.

"Имрӯз рӯзи бахшоишу пок кардани қалбҳо аз кинаву кудурат, рӯзи ба якдигар гузашт кардану ба оғуш гирифтани ҳамдигар бо беҳтарин таманиёту орзӯҳо аст", — илова кард ӯ.

Раиси Шӯрои уламои кишвар дар мавъизаи пеш аз намози иди худ талош мекард, бештар дар бораи ҳикмату фазилати сабр ҳарф бизанаду аз сокинон даъват мекард, ҳамеша таҳаммулпазир бошанду бо омадани мушкили андаке болои сарашон ноумед нашаванд.

"Зиндагӣ аслан бе пасту баландӣ намешавад. Вазифаи ҳар мусулмон аст, ки вақте дар ҷойе бесабрӣ мебинад, тавсия ба сабр кунад. Ҳоло бисёре аз ҷавононро мебинем, ки баъди гирифтани диплому соҳиби коре шудан, бесабрӣ мекунанду мехоҳанд ҳама чизро дар як вақт соҳиб шаванд, ки дар натиҷа ҳам худ ва ҳам аҳли хонаводаро шарманда мекунанд", — таъкид мекард Абдулқодирзода.

Дар ҳоле ки раиси Шӯрои уламои кишвар тавсия ба сабру ҳақ мекард, фазои ҳукмфармои бародарию ухуват, дустию рафоқати миёни намозгузорон инсонро ба ваҷд меовард. Яке барои дигарӣ ҷой медоду сеюми чаҳорумиро бо чеҳраи кушод ва беҳтарин таманниёт дар оғӯш мегирифту исбот мекард, ки ибораи "исломгароёни ифротӣ" ҷуз истилоҳи сохтае беш несту ин дин ҳеч рабте ба хушунату ифротгароӣ надорад ва пайрави воқеии Ислом ҳам наметавонад, як террорист бошад.

"Мусулмонӣ хунрезию хушунат нест. Худованд ҳар ҷойе имонро зикр кардааст, дар баробараш ҳатман ба анҷоми амалҳои хайру наку таъкид дорад", — афзуд раиси Шӯрои уламои кишвару адои дуои хайр дар ҳаққи қурбониёни ҳаводиси ахири кишвар сухани худро ба поён расонид.

Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0