Мусодираи бештар аз 1 кг нашъа дар рӯзи Иди қурбон

Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Рӯзи 24 сентябр, ки дар саросари Тоҷикистон Иди Қурбон таҷлил мешуд, кормандони милиса як сокини 25-солаи шаҳри Душанберо бо гумони муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД.

"Зимни кофтукови шахсӣ аз вай 1 килою 210 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 942 грамм маводи нашъадори афюн, ҷамъ ба миқдори 2 килою 152 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид", — омадааст дар хабар.

Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала