Суғд: ҳукми омилони марги Раҳматов эълон мешавад

© SputnikҒанӣ Раҳматов акси писари кушташудааш- Фирдавс Раҳматовро дар Facebook гузошт
Ғанӣ Раҳматов акси писари кушташудааш- Фирдавс Раҳматовро дар Facebook гузошт - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи низомии вилояти Суғд ҳукми муттаҳамон дар қатли сарбоз Фирдавс Раҳматовро эълон мекунад.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Имрӯз дар додгоҳи низомии вилояти Суғд мурофиа судӣ оғоз шуда, ҷонибҳо баромад хоҳанд кард, менависад ОИ "Tojnews".

"Дар назар аст, ки суд то баъди зӯҳр ҷонибҳоро шунида, пас аз он ҳукми худро дар робита ба омилони марги Раҳматов содир кунад",-менависад манбаъ.

Мурофиаи додгоҳӣ алайҳи ду сержант ва як сарбоз, ки дар қатли Фирдавс Раҳматов, сарбози вазорати мудофиа муттаҳам мешаванд, 4-уми сентябр оғоз шуда буд.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дахолати вазир ба қазияи марги сарбоз Фирдавс Раҳматов

Маврид ба тазаккур аст, ки баъд аз марги сарбоз Раҳматов инчунин алайҳи собиқ афсарони вазорати мудофиа Маҳмадов Р. Ҳомидов Обидҷон ва Ҳабибулло Ҳакимов бо иттиҳоми хунукназарӣ парванда боз шуда буд. Қаблан онҳо аз иштирок дар мурофиа худдорӣ карда буданд. Ин афсарони қисми ҳарбии 04080 воқеъ дар ноҳияи Конибодом дар пайи марги Фирдавс Раҳматов дар 7-уми июни соли равон аз вазифаҳояшон барканор шуда буданд.

Фирдавс Раҳматов баҳори соли равон ба сафи артиши Тоҷикистон даъват гардида, ҳамагӣ баъди як моҳ аз лату кӯби ҳамхизматонаш ба ҳалокат мерасад. Мақомот ба марги ӯ Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимов, сержант ва ефретори қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом ва сарбози қаторӣ Айём Назаровро муттаҳам медонанд.

Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар пайи ин ҳодиса фармондеҳони ин қисми низомиро аз вазифаҳояшон барканор кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала