Вокуниши сареи Медведев ба таҳримҳои нави Украина

Мақомоти Украина алайҳи 25 ширкати ҳавопаймоии Русия таҳрим эълон карда, парвози ҳавопаймои ин ширкатҳоро дар фазои худ манъ кард. Маскав ҳам бидуни таъхиркорӣ ба ин таҳримҳо вокуниш нишон дод.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Мақомоти нақлиёти Русия бо ирсоли як иттилоия ба ҳамтоёни украинии худ хабар додаанд, ки шурӯъ аз 25 октябри соли равон ҳавопаймоҳои онҳо наметавонанд, дар фазои ин кишвар парвоз кунанд, иттилоъ медиҳад, Вазорати ҳамлу нақли Русия.

Мақомоти Украина алайҳи 25 ширкати ҳавопаймоии Русия, ки ду тои онҳо ҳоло дигар фаъолият намекунад, таҳрим ҷорӣ намудааст. ба ин руйхати "сиёҳ"-и Украина бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии мусофирбари Русия, аз ҷумла "Аэрофлот"(бо тамоми бахшҳои худ),  "Трансаэро" ва "Сибир" шомиланд.

Тибқи фармони раисҷумҳури Украина, ба ин ширкатҳои Русия қисман парвоз, ҳамлу нақл ва бурдану овардани мусофирон тавассути фазои ин кишвар манъ мебошад.

Парчами Иттиҳоди Аврупо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тамдиди таҳримҳои ИА алайҳи шаҳрвандони Русия ва Украина

"Бар асоси дастури нахуствазири Русия Дмитрий Медведев Вазорати ҳамлу нақли ин кишвар Оҷонси федеролии ҳамлу нақли ҳавоиро муваззаф кард, то бо ирсоли нома ба самъи ҳамтоёни украинии худ бирасонад, ки шуруъ аз 25 октябри соли равон ҳавопаймоҳои онҳо наметавонанд, дар фазои Русия парвоз кунанд",  афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ин дастури нахуствазири Русия посух ба номаи Хадамоти давлатии ҳавоии Украина мебошад, ки дар он аз эълони таҳрим алайҳи 25 ширкати ҳавопаймоии Русия хабар дода шуда буд. Тибқи ин таҳримҳо иҷрои парвозҳо дар самти Русияву Украина манъ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала