Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Сафорати ИМА дар Ӯзбакистон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт

© Sputnik / Андрей СтенинКоктейли Молотов, ё ба истилоҳ бомби худсохт. Акс аз бойгонӣ
Коктейли Молотов, ё ба истилоҳ бомби худсохт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ин ҳодиса нафаре аз дипломатҳо ва ё кормандон осеб надидааст ва дарҳои сафорати Амрико дар Узбакистон ҳам муваққатан баста шудаанд.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Афроди ношинос субҳи 28-уми сентябри соли равон ба ҳавлии сафорати Амрико дар шаҳри Тошканд ду "коктейли Молотов" ва ё бомбҳои худсохти оташгиранда партофтаанд, менависад сомонаи сафорат.

Ба иттилоъи манбаъ, яке аз ин ду "коктейли Молотов" ва ё бомбҳои худсохти оташгиранда дар ҳавлии сафорат таркидааст.

"Аммо дар ин ҳодиса ҳеҷ яке аз дипломатҳо ва ё кормандони сафорат осеб надидаанд ва дарҳои сафорати Амрико дар Тошканд ҳамон лаҳза баста шуда, кори онро ҳам барои муддати номуайян муттавақиф кардаанд", афзудааст манбаъ.

Масъулини сафорати Амрико дар Ӯзбакистон ҳодисаи мазкурро маҳкум карда, гуфтаанд, таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад ва сафорат бо мақомоти интизомии Ӯзбакистон барои таҳқиқи ҳодиса ҳамкорӣ мекунанд.

"Айни замон ҳеҷ гуна иттилое дар бораи таҳдид ба ҷони амрикоиҳо ва ё манофеи Амрико дар Ӯзбакистон рӯи даст нест", меафзояд манбаъ.

Тадобири амниятиро баъди ин ҳодиса дар атрофи сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тошканд тақвият бахшидаанд ва аз ин рӯ ба гуфтаи сафорат, ҳузури маъмурони амниятӣ дар онҷо бештар ба чашм мехӯрад.

Сафорати Амрико ба шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Ӯзбакистон ҳастанд ва ё мехоҳанд, ба ин ҷо сафар кунанд, тавсия додааст, дар барномаи махсуси STEP- и вазорати умури хориҷӣ сабти ном кунанд, ки имкон медиҳад, ахбори амниятиро саривақт бигиранд ва дар сурати пешомади фавқуллода метавонанд, ҳарчӣ зудтар бо намояндагиҳои дипломатии наздиктарини Иёлоти Муттаҳида тамос бигиранд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала