Қундуз аз дасти Толибон бозпас гирифта шуд

© AP / Hekmat AimaqҶонибдорони зиндонии Толибон дар роҳи Қундуз
Ҷонибдорони зиндонии Толибон дар роҳи Қундуз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомҳои маҳаллии Қундуз мегӯянд, маркази ин вилоят аз ҷангиёни Толибон тоза шуда, мардум дубора ба ҳолати муқаррари зиндагии худ баргаштаанд.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд, неруҳои вижаи ин кишвар субҳи панҷшанбе дубора шаҳри Қундузро аз дасти ҷангиёни Толибон озод кардаанд, менависад, хабаргузории "Khaama Press".

Сидиқ Сидиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфтааст, бо вуҷуди озод кардани шаҳри Қундуз ҳанӯз амалиётҳо дар манотиқи гуногуни вилояти Қундуз идома дорад.

"Дар ин амалиётҳо гуруҳи Толибон талафоти сангин дидааст", — афзудааст Сидиқӣ.

Хабаргузории Хома Пресс аз қавли масъулини Вазорати дифои миллии Афғонистон навиштааст, ки дар пайи даргириҳои ахир дар Қундуз 150 ҷангии Толибон кушта шуда, наздик ба 90 тани дигар захм бардоштаанд.

"Шуморе аз мақомҳои маҳаллии Қундуз мегӯянд, маркази ин вилоят аз ҷангиёни Толибон тоза шуда, мардум ба ҳолати муқаррари зиндагии худ баргаштаанд", меафзояд манбаъ.

Ҷангиёни Толинбон чаҳор рӯз пеш дар пайи як ҳамлаи густурдаи худ тавонистанд, шаҳри Қундуз, маркази вилояти Қундузи Афғонистонро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд.

Вилояти Кундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад.

Лентаи хабарҳо
0