Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президент оид ба дзюдо ва $7 ҳазор шуд

© Sputnik Игорь ЛекаркинМуҳаммадмурод Абдураҳмонов
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сеюмин мусобиқаи байналмилалии дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон бо пирӯзии паҳлавон ва варзишкори маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов анҷом ёфт.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо гардид, хабар медиҳад, сомонаи КМО ҶТ.

Паҳлавони тоҷик- барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо

Мусобиқаи байналмилалии дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон рӯзи 5 октябри соли равон бо иштироки 40 куштигир дар майдони тенниси Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он 40 гуштигир аз Тоҷикистон ва 17 нафар аз 13 кишвари хориҷӣ иштирок кардаанд.

 "Дар ин мусобиқа, ки барои севумин бор дар рӯзи мавлуди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мешавад, варзишгарони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон), инчунин намояндагони Афғонистон, Беларус, Италия, Куба, Миср, Русия, Эрон ва Юнон ширкат варзиданд", афзудааст, манбаъ.

Сабқати ҷаҳонии дзюдо дар Остонаи Қазоқистон. 26 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо медал нагирифтанд

Тибқи иттилои манбаъ, паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири Беларус Александр Ваховяк ғолиб баромадааст.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ҷуз Ҷоми президенти Тоҷикистон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари амрикоӣ ҳам қадрдонӣ шудааст.

Дар мусобиқаи мазкур ҷойи дуюм насиби Ваховяк гардида, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор доллар сарфароз гардидааст. Алварис (Куба) ва Фирдавс Насимов (Тоҷикистон), ки ҷойҳои севумро соҳиб гаштанд, бо 2 ҳазор долларӣ қадрдонӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0