Консулгарии Тоҷикистон дар Қундуз муваққатан баста шуд

© APҶангии "Толибон" савори дучарха. 29 сентябри соли 2015, Қундуз.
Ҷангии Толибон савори дучарха. 29 сентябри соли 2015, Қундуз. - Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилоъи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аснои амалиёти низомӣ ва даргирӣ миёни ҷангиёни «Толибон»-у неруҳои ҳукуматӣ дар Қундуз бинои консулгарии кишвар тахриб шуда, таъмирталаб гардидааст.

Душанбе, 7 окт — Sputnik. Тоҷикистон ба таври муваққатӣ ва бо сабаби ноамнӣ консулгариашро дар вилояти Қундуз баст, иброз доштанд дар Вазорати умури хориҷа ба Sputnik.

Ба қавли масъули департаменти иттилооти ВКХ, бар асари даргириҳои чанд рӯзи ахир дар Қундуз, бинои консулгарии Тоҷикистон дар он шаҳр тахриб шуда ва феълан баста аст.

Шафақ Сияҳпӯш, коршиноси масоили сиёсӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сияҳпӯш: ҷанг дар Қундуз кори дасти Амрикост

Дар шаҳри Қундуз консулгарии Тоҷикистон ягона намояндагии дипломатии хориҷӣ маҳсуб меёфт ва азсаргирии фаъолияти консулгарӣ ба вазъи амниятӣ иртибот дорад.

Қайд мешавад, ки бинои консулгарии Тоҷикистон дар назди бинои фармондеҳии пулиси вилояти Қундуз воқеъ мебошад ва дар ин даргириҳо бинои он тахриб шудааст.

Дар ҳоли ҳозир консули Тоҷикистон дар Қундуз Ятимшоҳ Мусофиров дар Душанбе қарор дорад. Ӯ чанд рӯз қабл барои ширкат дар як ҳамоиши консулҳо ба пойтахти кишвар даъват шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала