Усулҳои ҷалби ҷавонони тоҷик ба саффи ДИИШ аз нигоҳи стратеги №1

© SputnikФаъолияти макотиби Маскав
Фаъолияти макотиби Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Чанд усули ҷалби ҷавонони тоҷик ба саффи гуруҳҳои ифротгароӣ вуҷуд дорад. Даъват дар масоҷид, ҷалб кардан ва фиреби мардон бо истифода аз зебоии занон ҳам аз усулҳои болост.

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раиси Маркази таҳқиқити стратегии Тоҷикистон Холиқназар Худойбердӣ мегӯяд, пажӯҳиш се усули ҷалби ҷавонони тоҷик ба саффи созмони террористии "Давлати исломӣ" ё худ ДИИШ-ро муайян намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бархе аз ҷавонони тоҷик мустақиман аз Тоҷикистон ҷалб шуда, даъват дар масоҷиди Русия ва зибогии духтарҳо дар фазои маҷозӣ ҳам барои рафтани онҳо ба ҷангҳои Сурияву Ироқ боис мешавад.

Ҷангҷӯёни ДИ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгар: муқобала бо ДИ даҳсолаҳо тӯл мекашад

"Дар пайи як пажӯҳиши худ мо чанд усули ҷалби ҷавонони тоҷик ба саффи гуруҳҳои ифротиро муайян кардем. Дар аввал бояд гуфт, ки бо ин навъи ҷавонон фиристодаҳои махсуси гуруҳҳо кор карда, аз тактикаҳои гуногун истифода мекунанд. Онҳо ба қаламрави Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид мешаванд ва тавассути каналҳои худ бачаҳоро пайдо карда, хуб ва дурудароз меомӯзонанд",-мегӯяд оқои Худойбердӣ.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, роҳи бузурги дигари ҷалб кардан ба гуруҳҳои террористӣ интернет мебошад, ки тавассути он ҷавононро бо роҳҳои гуногун мағзшӯӣ мекунанд.

"Духтарҳои ҷавону зибо бо бачаҳо шинос шуда, ҳамсуҳбат мешаванд ва худро тавассути Skype нишон ҳам медиҳанд",-илова кард ӯ.

"Биёед шинос шавем, ба Туркия биёед, инҷо ҷойҳои хуб ҳасту  мо метавонем, дар инҷо издивоҷ ҳам кунем", ин ҳама даъватҳое мебошанд, ки ба назари стратеги рақами яки кишвар ҷавононро ҷазб ва ба дом гирифтор мекунад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, гуруҳи сеюми ҷавон дар пайи даъватҳо аз масоҷиди Русия ҷалб карда мешаванд.

"Вақте онҳо ба қаламрави Сурия ворид мешаванд, шиносномаҳои онҳо "мусодира" шуда, мустақиман ба саффи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ фиристода хоҳанд шуд", илова кард, раиси МТС.

Бо ин ҳол, ба қавли коршиноси мо, шумори ҷавононе, ки ба дом афтидаанду қурбони ин гуна ҳилаҳо шудаанд, зиёд мебошад.

Тибқи ҳисоби Маркази таҳқиқоти стратегии кишвар, аз 5 то 7%-и ҷавонон ба ин домҳо меафтанд, ё ба далели содалавҳии худ роҳ сӯи ҷангҳо мегиранд.

Бар асоси иттилои ахир, наздик ба 500 тоҷикистонӣ ҳоло дар саффи ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ" ҳузур доранд ва хабари марги беш аз 100 нафари онҳо ба хонаводаҳояшон расидааст.

Лентаи хабарҳо
0