Узбакистон аз вазъи кӯлҳои пиряхӣ дар ОМ нигарон аст

Дар Осиёи Марказӣ 187 кӯли пиряхӣ ҷойгир аст, ки аз сатҳи баланди хатар ба кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон хабар медиҳад.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазъи кулҳои пиряхӣ дар Осиёи Марказӣ бидуни назорати муносиби ҳавошиносон қарор дорад, ки хатари омадани селҳои пешбининашавандаро афзоиш медиҳад, — навиштааст, бахши узбакии Sputnik бо истинод ба муовини аввали вазири ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон Комилҷон Орифов.

Пиряхи Федченко дар Бадахшон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об шуда ва то 30% коҳиш ёфтаанд

"Кулҳое, ки дар ҳавзаҳои куҳии водии Фарғона дар баландии 3,6 ҳазор метр ҷойгиранд, бояд ба таври ҷиддӣ ва шадид назорат карда шавад", — гуфт, Орифов зимни конфронси рӯзи 13 октябр дар шаҳри Тошканд.

Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон, дар Осиёи Марказӣ 187 кӯли пиряхӣ ҷойгир аст, ки аз сатҳи баланди хатар ба кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон хабар медиҳад.

Қаблан намояндагони Узбакистон ба ҳамтоёни тоҷику қирғизи худ пешниҳод карда буданд, ки барои гузаронидани назорати дақиқи вазъи ин кӯлҳои пиряхӣ таҳқиқоти ҳавоии мушатаракеро анҷом диҳанд.

Бар асоси баҳодиҳии экологҳои узбак, масоҳати яхбандии ғарби Тиён-Шон то соли 2020 аз се як ҳиссаи нишондоди соли 1980 коҳиш хоҳад ёфт ва дар натиҷаи обшавии босуръати ин пиряхҳо кулҳои яхӣ пур шуда, боиси омадани селоб хоҳад мешавад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала