Раҳмон ва Путин: мубориза алайҳи терроризм бояд тақвият ёбад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкСафари расмии президенти ФР В.Путин (аз рост якум) ба Тоҷикистон. 5 октябри соли 2012
Сафари расмии президенти ФР В.Путин (аз рост якум) ба Тоҷикистон. 5 октябри соли 2012 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президентҳои Тоҷикистон ва Русия, Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ суханронӣ карда, дар бораи зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар бахши мубориза алайҳи терроризм ва ифротгаройӣ иброз доштанд.

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон аснои суханронӣ дар ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои ИДМ дар Остона аз ҳамтоёнаш даъват кард, ки дар мубориза ба муқобили терроризму даҳшатафканӣ, ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба созмонҳои тундрав, аз ҷумла "ДИ" чораҳои ҷиддӣ андешанд.

Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Назарбоеву Путин аз вазъи марзи Тоҷикистон нигаронанд

"Ҳамкории зичу пурсамари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини амният, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таҳкими сарҳади берунии кишварҳои ИДМ, ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ, раванди муҳоҷират, мубориза бо ҷинояткорӣ, муносибатҳои фарҳангӣ, идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ амри зарурист",- қайд кард ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон аз қувваи нав пайдо кардани гуруҳҳои экстремистӣ, гаравидани ҷавонон ба сафи онҳо, истифодаи дини мубини ислом барои ҳадафҳои нопок аз ҷониби террористон, амалҳои фоҷеабору мудҳиши "ДИ", нооромӣ дар марзи кишварҳои иттиҳод изҳори нигаронӣ карда, сарони давлатҳоро барои қабули қарорҳои қатъӣ дар мубориза бо ин зуҳурот даъват кард.

Ҳамзамон, Владимир Путин дар мавриди афзоиши гуруҳҳои ифротӣ ва ҷангиёни радикал дар минтақаи Ховари Миёна ва Афғонистон иброз дошт.

"Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, дар ҷангҳои Ховари Миёна аз панҷ то ҳафт ҳазор шаҳрвандони Русия ва дигар кишварҳои ИДМ бо ҷонибдорӣ аз "ДИИШ" ҷанг мекунанд. Ва мо албатта иҷоза намедиҳем, ки онҳо ин таҷрибаи омӯхтаашонро фардо дар ин ҷо, яъне дар кишварҳои мо амалӣ кунанд",- афзуд президенти ФР.

Дар Остона баррасии 17 масъалаи “доғ” дар назар аст

Маврид ба тазаккур аст, ки дар ин ҷаласа сарони кишварҳои ИДМ дар фазои  ҳамдигарфаҳмӣ бо дарназардошти манфиати умумии ҳалли масъалаҳо мавқеи худро муайян намуданд ва барои муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таъмини амният дар қаламрави иттиҳод, ҳалли буҳрони иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрам омодагии давлатҳояшонро баён карданд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои ИДМ ҳамчунин масоили марбут ба 70-солагии таъсиси СММ ва 30-солагии садама дар НБҲ-и Чернобилро ба баррасӣ гирифтанд.

Дар ин ҳамоиш президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, раисҷумҳури Арманистон Серж Саргсян, президенти Белорус Александр Лукашенко, сарвари Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, роҳбари Ӯзбакистон Ислом Каримов ва президенти ФР Владимир Путин ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0