Ифтитоҳи хатти интиқоли барқ ва мулоқоти Раҳмон бо шоликорон

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомалӣ Раҳмон аснои гузоштани санги асос дар бунёди шаҳраки Баҳористони вилояти Суғд
Эмомалӣ Раҳмон аснои гузоштани санги асос дар бунёди шаҳраки Баҳористони вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳа корҳои сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ “Қайроққум-Ашт”, навсозии зеристгоҳи “Қайроққум” ва зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ “Ашт”-ро дар бар гирифта, маблағи умумии он баробар ба 11, 2 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид кардааст, менависад, сомонаи президент.

Тибқи иттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯзи гузашта бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи "Қайроққум-Ашт" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд. Боздиди президент аз Ғончиву Истаравшан. 19 октябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон пас аз Айниву Панҷакент ба Истаравшану Ғончӣ рафт

"Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ Қайроққум-Ашт аз тарафи Бонки осиёии рушд маблағгузорӣ шуда, Фармоишгари лоиҳа "Маркази иҷрои лоиҳаҳои бахши электроэнергетикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи Барқи Тоҷик мебошанд. Пудратчӣ ширкати "Калпатару"-и Ҳиндустон аст", — афзудааст, манбаъ.

Лоиҳа корҳои сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ "Қайроққум-Ашт", навсозии зеристгоҳи "Қайроққум" ва зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ "Ашт"-ро дар бар гирифта, маблағи умумии он баробар ба 11, 2 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар роҳ аз ноҳияи Ғончӣ ба сӯи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти шоликорони ин минтақаи кишвар ҳам шинос шуда, бо деҳқонон суҳбат карда, дар бораи истифодаи замин, зиёд кардани тухмиҳои аълосифат, киштгардону баланд бардоштани ҳосилнокии замин, кор бо мутахассисони навъсанҷӣ, мутобиқсозии намудҳои хуби шолӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин маҳсулот, омӯхтани таҷрибаи дигар шоликорони кишвар ва хориҷ, инчунин содироти он сухан гуфтааст.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мошин дар роҳи нави Айнӣ-Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд идома дорад

Гуфтанист, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулов 140 гектар замин, хоҷагии деҳқонии Раҳмон Набиев дар 160 гектар, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Парандапарвар дар масоҳати 20 гектар ба парвариши шолӣ ва дигар навъи зироат машғул мебошанд.

Бояд гуфт, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ҳоли ҳозир идома дорад. Раисҷумҳур ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ озими вилояти Суғд шудааст.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала