Муфтиёти Қирғизистон талаботро шадидтар мекунад

Аз 2640 масҷид дар Қирғизистон 626-тои он ҳанӯз сабти ном нашудаанд.

Душанбе, 20 окт — Sputnik. Муфтии олии Қирғизистон Мақсад Токтомушев талаботи сабти ном ва бақайдгирии масоҷиди кишварро шадидтар мекунад, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба дафтари матбуотии Раёсати идораи мусалмонон.

Дар муфтиёт ҷаласаи вижа оид ӣа сабти ном ва санадгузории масоҷид сурат пазируфт. Қозиҳои вилоятӣ дар маҳаллу навоҳӣ намозхонаҳо ва маълумоти заруриро ҷамъ хоҳанд кард.

Муфтӣ дар ин нишаст гуфт, имомҳои масоҷид шахсан масъулияти сабти ном ва қайди масоҷидро ба зимма доранд.

Қайд гардид, ки аз 2640 масҷид дар Қирғизистон 626-тои он ҳанӯз сабти ном нашудаанд.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала