Оғози фаъолияти корхонаи “Арча” ва зеристгоҳи “Ваҳдат” дар Хуҷанд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зеристгоҳи барқии 110/10 кВ «Ваҳдат» бо 2 трансформатори ҳар кадоме 16 мегаватт дар доираи лоиҳаи «Паст намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» бунёд ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи сафари корӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи "Ваҳдат" — ро ифтитоҳ намуд.

Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур ба раисҷумҳур иттилоъ доданд, ки зеристгоҳи барқии «Ваҳдат» бузургтарин иншооти нави энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Хуҷанд аст.

Суғд: ронандагии президент дар роҳҳо ва ширкати ӯ дар ифтитоҳи корхона

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии президент зеристгоҳи нави барқии шаҳри Хуҷанд бо харҷи 4,5 миллион евро маблағҳои Тоҷикистон ва ҷалби сармояи се бонки аврупоии мададрасон- Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории рушд ва Комиссияи иқтисодии Аврупо бунёд шудааст.

Зеристгоҳи барқии 110/10 кВ «Ваҳдат» бо 2 трансформатори ҳар кадоме 16 мегаватт дар доираи лоиҳаи «Паст намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» бунёд ёфтааст.

Қайд гардид, ки ба ин ҷо технологияи беҳтарин аз Аврупо ворид карда шудааст, вале ҳамаи корҳои сохтмон ва васлу насби таҷҳизот пурра аз ҷониби ширкатҳо ва мтахассисони ватанӣ анҷом ёфтаанд.

Ҳамзамон, пас аз зуҳри рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" дар шаҳри Хуҷанд  Корхонаи коркарди чубу тахтаи "Арча"-ро, ки дар назди ҶДММ "Фортуна ва компания" бунёд шудааст, ифтитоҳ намуд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дадахон Очилов бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар зарфи беш аз якуним сол сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 150 намуди дару тирезаҳои замонавӣ ва профилҳои чӯбӣ истеҳсол карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз Айниву Панҷакент ба Истаравшану Ғончӣ рафт

Дар маҷмӯъ, иқтидори солонаи корхона коркарди 250 ҳазор метри мураббаъ чӯбу тахта буда, дар як сол ба маблағи умумии 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Баъди пурра ба кор даромадан корхона ин нишондод ба 12 миллион сомонӣ хоҳад расид.

Ба раисҷумҳур иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона 80 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0