Фақеҳи дин: Ҳизб ут-Таҳрир миёни тоҷикон шуҳрат надорад

Обуна шудан
НовостиTelegram
Сармутахассиси Раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik ҳадаф ва вазифаҳои Ҳизби мамнуи террористии ат-Таҳрирро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳаракат дар Тоҷикистон шуҳрат надорад.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ҳизби мамнуи террористии ат-Таҳрир миёни сокинони Тоҷикистон ҳеч гуна шуҳрате надорад ва тоҷиконе, ки ба саффи ин гуруҳ пайвастаанд, бо ақидаи он хуб ошно намебошанд, — гуфт, Ҷамолиддин Хомӯшӣ дар суҳбат бо Sputnik.

Боздоштгоҳои муваққати №1 (Матросская тишина) дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: дар Маскав мубаллиғони тоҷики Ҳизб ут-таҳрирро боздошт карданд

Дар шаҳри Маскав 20 узви Ҳизби ат-Таҳрир боздошт шудааст, ки ба иттилои расонаҳои хабарӣ, 19 нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистонанд.

"Ҳар нафаре, ки ба ин созмони террористӣ мепайвандад, аз мазҳаби худ берун шудааст. Пайравони он мехоҳанд, бо таъсиси як хилофат халифаеро болои сари худ раҳбар гузошта, аз ӯ итоат кунанд, ки ин чиз ҳам аз нигоҳи ақлонӣ ва ҳам мантиқ имкон надорад", — афзуд, ӯ.

Ба гуфтаи ин руҳонии тоҷик, нафароне ба ин созмон мепайванданд, ки таҳти таъсири ҳарфҳои мубаллиғони он қарор гирифтаанд.

Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти роҳбари ҷиноҳи “Ҳизб-ут-таҳрир” дар Санкт-Петербург

"Ин ҳизб миёни сокинони Тоҷикистон аз ҳеч шуҳрате бархурдор нест ва мардум ҳам медонанд, ки пешвои мазҳаби мо Абуҳанифа аст ва ҳама бояд аз гуфтаҳои ӯ пайравӣ кунанд", — таъкид кард, ҷаноби Хомӯшӣ.

Додгоҳе дар шаҳри Маскав 20 нафари боздоштшуда ба иттиҳоми узвият дар Ҳизби ат-Таҳрир, ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар Русияро то 20 декабри соли равон ба ҳабс маҳкум кард.

Аммо тамоми боздоштшудаҳо ин иттиҳом алайҳи худро рад карда, мегӯянд, далели боздошташон то ҳол барои онҳо равшан нест. Яке аз боздоштшудаҳо шаҳрванди Русия буда, боқӣ ба иддаои расонаҳои хабарӣ, табааи Тоҷикистонанд. Муҳлати анҷоми раванди тафтишот 12 декабри соли равон гуфта шудааст.

Хабари байъати Ҳизби мамнуи террористии ат-Таҳрир бо "Давлати исломӣ" қаблан расонаӣ шуда буд. Аммо ба таври расмӣ ин чиз собити худро наёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0