ВАО: кӯдакони боздоштшуда дар Истамбул террорист не, гуреза будаанд

Нашрияи туркие, ки хабари ифшо шудани ӯрдугоҳи кӯдаконаи террористӣ дар Истамбулро чоп карда буд, аз хонандаҳои худ барои нашри ин маълумоти бардурӯғ узр пурсидааст.

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Боздоштшудаҳо дар "ӯрдугоҳи кӯдаконаи террористон" дар шаҳри Истамбул фарзандони муҳоҷирони осоишта ва паноҳандаҳои сиёсӣ аз Ӯзбакистон ва Тоҷикистон будаанд, менависад, хабаргузории "Фарғона" бо истинод ба нашрияи "Тimeturk".

ВАО: боздошти ноболиғони узбаку тоҷик дар урдугоҳи омӯзишии "ДИ"

Нашрияи туркие, ки хабари ифшо шудани урдугоҳи кӯдаконаи террористӣ дар Истамбулро чоп карда буд, аз хонандаҳои худ барои нашри ин маълумоти бардурӯғ узр пурсидааст.

Чанде қабл расонаҳои Туркия аз боздошти беш аз 50 шаҳрванди хориҷӣ дар натиҷаи як амалиёти зиддитеррористӣ хабар дода буданд, ки дар пайи ҳамлаҳои интиҳорӣ дар шаҳри Анқара гузаронида шуд.

Ин амалиёт дар ноҳияи Пендик, воқеъ дар қисмати осиёии Истамбул сурат гирифтааст. Боздоштшудаҳо барои пайвастан ба саффи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ омодагӣ медидаанд.

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озодӣ: дар марзи Туркия бо Сурия имсол 6 атбоъи тоҷик боздошт шудаанд

Тибқи навиштаи нашрияи Vatan, миёни боздоштшудаҳо 24 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон ва Узбакистон ҳам ҳаст, ки таълимоти исломи ифротӣ гирифта, қоидаҳои зиндагӣ дар "Давлати исломӣ"-ро меомӯхтаанд. Дар ин марказ инчунин урдугоҳи тамринӣ ҳам вуҷуд доштааст.

Аммо нашрияи "Timeturk" 20 октябр хабар додааст, ки 30 тани боздоштшудаҳо дар Пендик худи ҳамон рӯз ба озодӣ баромада, боқӣ баъд аз муайян шудани ҳувияташон раҳо хоҳанд шуд.

Яке аз муҳоҷирони ӯзбаки муқими Истамбул дар суҳбат бо "Фарғона" гуфтааст, кӯдакони боздоштшуда дар Пендик фарзандони террористон нестанд.

"Волидайни онҳо гурезаҳои ӯзбаку қирғиз ва қазоқ мебошанд, ки ба Туркия паноҳ бурдаанд. Ҳатто аз Маскав ҳам ҳастанд", — таъкид кардааст, ҳамсуҳбати "Фарғона".

Бояд гуфт, вазъи иҷтимоию сиёсӣ дар Туркия рӯзҳои ахир ноустувор арзёбӣ шуда, чанд рӯзи пеш таркишҳои интиҳорӣ дар ин кишвар сурат гирифта буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала