Шарипов хост, риояи ҳуқуқи занони муҳоҷир дар Русия таҳқиқ шавад

Муовини раҳбари “Федератсияи муҳоҷирони Русия” Каромат Шарипов аз шикояти занони муҳоҷир дар мавриди поймол шудани ҳуқуқҳояшон ҳангоми зоймон дар беморхонаҳои ин кишвар хабар дода, таҳқиқи онро хостор шудааст.

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Муовини раҳбари "Федератсияи муҳоҷирони Русия" Каромат Шарипов бо ирсоли як нома аз додситони кулли Русия Юрий Чайка хоҳиш кардааст, таҳқиқ кунанд, ки оё ҳуқуқи занҳои муҳоҷир дар таваллудхонаҳои ин кишвар поймол мешавад, навиштааст, РИА Новости бо истинод ба нашрияи "Известия".

Тифли навзод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафорат ҶТ: таҳқиқи омилҳои марги Умар таҳти назорат аст

Ба гуфтаи ҷаноби Шарипов, аксари вакилони мудофеъ дар Русия мегӯянд, зерҳимояҳои онҳо бештар аз зӯроварӣ дар таваллудхонаҳо алайҳи худ шикоят мекунанд. Инчунин, аз баъзе ҳолатҳои ҷудо кардани тифли навзод аз модар бидуни асос ҳам ёдовар шудааст.

Ба назари муовини раҳбари "Федератсияи муҳоҷирони Русия", ин корҳо хилофи Сарқонуни Русия, Эъломияи ҳуқуқи башари СММ ва Конвенсияи байналмилаклӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир мебошад.

Бинои нави Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги тифли панҷмоҳаи тоҷик

"Аксари шикояткунандаҳо хоҳиш мекунанд, ки мо номҳои онҳоро ифшо накунем. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, қариб дар ҳамаи манотиқи Русия мушкил якранг аст ва аз аввалин вақти зоймон сар мешавад. Ёрии таъҷилӣ меояд, аммо чун ба беморхона мерасию раванди зоймон сар мешавад, таҳдиду фишорҳо ҳам аз сӯи табибон оғоз мегардад ва барои кӯмак кардан ҳам шартҳои худро мегузоранд",- навиштааст, нашрия аз қавли Шарипов.

Каромат Шарипов инчунин аз додситони кулли Русия хоҳиш кардааст, марги муҳоҷири 5-моҳаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербургро таҳқиқ кунад. Қаблан Павел Астахов, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакони Русия ҳам аз додситони кул ва вазири корҳои дохилии ин кишвар чунин дархост карда буд.

Павел Астахов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Астахов омилҳои марги Умар Назарови 5-моҳаро таҳқиқ мекунад

Маврид ба ёдоварист, 13-уми октябри соли равон кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров ва Заррина Юнусоваро бо сабаби риоя накардани қавонини муҳоҷират ва нақзи қоидаи будубош дар Русия боздошт карда, тифли панҷмоҳаи онҳо Назаров Умаралиро, ки ба парасторӣ ниёз дошт, аз модар ҷудо карда, ба дигар ҷо интиқол медиҳанд.

Ҳамон рӯз Назаров ва Юнусова ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ интиқол ёфта, баъди панҷ соат қарори додгоҳ дар мавриди ихтиёран тарк кардани ин хонаводаи тоҷик қаламрави Русияро содир шудааст.

Вақте Заррина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистаанд ва танҳо як рӯз баъд 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари 5-моҳаро супоридаанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала