Обама ба лоиҳа вето гузошт, Украина силоҳ намегирад

Дар ин лоиҳаи қонун ҷудо шудани 300 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун кӯмак ба соҳаҳои низомию истихборотии Украина пешбинӣ шуда буд.

Душанбе, 23 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Борак Обама ба лоиҳаи буҷаи дифои кишвараш барои соли 2016 рӯзи панҷшанбе вето гузоштааст, — мегӯяд, Кохи сафед.

Қаблан Сенати конгресси Амрико баъд аз палатаи намояндагон тарҳи қонуни буҷаи молиявӣ дар бахши низомиро ба тасвиб расонид, ки раисҷумҳури ин кишвар аз имзои он худдорӣ кард. Зеро дар матни он афзоиши хароҷоти низомӣ наздик ба 90 миллиард доллар дар соли ҳисоботӣ бидуни ворид кардани механизмҳои васеътари буҷетӣ миёни ду ҳизб дар конгресс нишон дода шудааст.

Бинои Капитолий дар Вашингтон. Ин ҷо ҷаласаҳои конгресси ИМА баргузор мешаванд - Sputnik Тоҷикистон
Сенати ИМА буҷаи низомиро бо иловаи кӯмак ба Украина тасдиқ кард

Ҷумҳурихоҳон, ки ҳар ду палатаи конгрессро зери назорат доранд, имкони рад намудани ветои президентро нахоҳанд дошт, зеро райъи қобили эътимод ба даст намеоранд. Ҳамин тавр, баъди ветои раисҷумҳур машваратҳо аз сар гирифта мешаванд.

Аз $612 миилиард, ки барои хароҷоти буҷаи низомии ИМА бояд ҷудо мешуд, ҳудуди $300 миллион барои кӯмак ба Украина дар умури ҳарбӣ ва бахши ҷосусӣ ихтисос меёфт.

Бо ин маблағ ба Киев аслиҳа, миномёт, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар навъи кӯмакҳои низомӣ ироа хоҳад шуд. Шеваи масрафи онро Пентагон муштаракан бо Департаменти давлатии ИМА муайян мекунад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала