Лавров бо Керрӣ роҳҳалли буҳрони Сурияро баррасӣ кард

© Sputnik / Эдуард Песов / Гузариш ба медиабонкМулоқоти Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ дар Вена
Мулоқоти Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ дар Вена - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия ва ИМА яке аз роҳҳои берун рафтан аз буҳрони Сурияро дар ҷалби мухолифини меҳандӯст ба ин раванд медонанд.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои амрикоии худ Ҷон Керрӣ зимни суҳбати телефонӣ дурнамои ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Сурияро бо иштироки ҳукумат ва мухолифини ватандӯсти ин кишвар баррасӣ карданд, — хабар медиҳад, ВКХ-и Русия.

"Раҳбарони вазоратхонаҳои хориҷӣ баррасии дурнамои ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Сурияро бо иштироки ҳукумат ва мухолифини ватандӯсти ин кишвару дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои калидии минтақа идома доданд", — навиштааст, манбаъ.

Довудуғлу: бо Русия дар мавриди Сурия бархурди манофеъ надорем

Инчунин раҳбарони вазоратхонаҳои хориҷии Русия ва ИМА зимни суҳбати телефонии рӯзи шанбеи худ мушкилоти Сурияро ҳам ба баҳс кашидаанд.
Рӯзи ҷумъа Лавров бо ҳамтои амрикоии худ дар шаҳри Вена мулоқот карда буд, ки баъдан ба ин вохурӣ вазирони корҳои хориҷии Туркия ва Арабистони Саудӣ ҳам пайвастанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Лавров, дар ин мулоқот ҷонибҳо ба хулосае расидаанд, ки "гуруҳи пуштибон"-и ҳалли низоъҳо дар Сурияро бояд афзоиш дод.
Ҷаноби Керрӣ изҳор доштааст, ки вазирони корҳои хориҷӣ метавонанд, ҳафтаи оянда боз гирдиҳам оянд.

Лентаи хабарҳо
0