Назарпурсӣ: Аврупои шарқӣ муқобили қабули гурезаҳо

Маҷористон ва Булғористон ба феҳристи кишварҳои даҳгона ворид мешаванд, ки аз ҳама зиёд (1 миллион нафарӣ) гурезаҳоро ба қаламрави худ роҳ додаанд.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тибқи назарпурсии "Sputnik.Мнения", ки аз сӯйи ширкати пажӯҳишии бритониёии Populus барои хабаргузорӣ ва радиои байналмиллалии Sputnik дар ИМА ва кишварҳои аврупоӣ анҷом дода шудааст, аксари пурсидашудаҳо (51%) гуфтаанд, мақомоти кишвари онҳо набояд гурезаҳоро қабул кунанд.

Навбатпоии гурезаҳо барои воридшавӣ ба лагерҳои Хорватия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Навбатпоии гурезаҳо барои воридшавӣ ба лагерҳои Хорватия

Беш аз 60 дарсад (62%)-и сокинони Аврупои шарқӣ, аз ҷумла Маҷористон, Булғористон, Чех ва Лаҳистон дар посух ба суоли ин ки "Чӣ назар доред, мақомоти кишвари Шумо бояд гурезаҳоро қабул кунанд, ё не?" гуфтаанд, ки ҳукумати ин кишварҳо набояд гурезаҳоро ба қаламрави худ роҳ диҳанд. Танҳо 42%-и сокинони ин минтақаи ҷаҳон аз истиқболи гурезаҳо ҷонибдорӣ кардаанд.

Аксари пурсидашудаҳо, аз ҷумла дар Маҷористон 73%, дар Булғористон 63% ва дар Чех 62% зидди қабули гурезаҳо баромадаанд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам 35% хостаанд, гурезаҳо ба қаламрави кишварашон роҳ наёбанд.

Гурезагони сурӣ аз марзи Маҷористону Сербистон убур мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Маҷористон: девор ва артиш мавҷи гурезаҳоро коҳиш дод

Маҷористон ва Булғористон ба феҳристи кишварҳои даҳгона ворид мешаванд, ки аз ҳама зиёд (1 миллион нафарӣ) гурезаҳоро қабул кардаанд.
Аз ҳама зиёд олмониҳо ҷонибдори роҳ ёфтани гурезаҳо ба қаламрави кишвари худанд, ки 58%-ро ташкил медиҳанд.

Назарпурсӣ аз сӯйи ширкати пажӯҳишии бритониёии Populus аз 25 сентябр то 15 октябри соли 2015 гузаронида шудааст. Дар ин назарсанҷӣ 8 ҳазор нафар, ҳазор нафарӣ аз кишварҳои Бритониёи кабир, ИМА, Олмон, Фаронса, Булғористон, Маҷористон, Чех ва Лаҳистон иштирок кардаанд.

Иёнтихоби пурсидашудагон тибқи ҷинсият, география ва синну сол сурат гирифтааст. Мизони эътимод барои кишвар +/- 3,1% зимни эътимодбахшии эҳтимолии 95% аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала