Лигаи аввали футболи ҶТ: тими “Ҳосилот” пешсаф аст

© wikimedia.orgФутбол. Акс аз бойгонӣ
Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даври 21-уми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон натиҷагирӣ шуда, пешсафони ҷадвал мавқеъашонро боз ҳам устувортар намуданд.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тими "Ҳосилот"-и Фархор дар даври 21-уми лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар тими «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Масъулини ФФТ мегӯянд, баъди ба вазифаи сармураббии даста таъин шудани Маҳмадҷон Ҳабибуллоев "Ҳосилот" ҳанӯз ҳеч як бозиро набохтааст ва бо 44 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа боз ҳам устувор намуд.

Футбол: дар лигаи аввал “Ҳосилот” пешсафиро аз даст намедиҳад

Дар бозии дигари даври гузашта «Саройкамар»-и Панҷ, ки дар меҳмонӣ "Исфара"-и Исфараро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бо 41 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад. Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Румӣ, ки дар майдони худ бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, бо 39 имтиёз дар ҷои саввум қарор гирифт.

Ҳамзамон, дастаи «Помир»-и Душанбе дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар тими МТО (Маркази тайёрии олимпӣ)-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод.

Дар ин давр танҳо як бозӣ миёни дастаҳои "Чашма"-и Шаҳритус ва "Локомотив"-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала