Эрон мехоҳад, созишномаи ҳастаиро ҳар чи зудтар иҷро кунад

Теҳрон бояд мутмаин бошад, ки ҷонибҳои дигар вазифаҳои худро анҷом медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҳукумати Эрон тасмим дорад, тамоми вазифаҳои худ дар доираи созишномаи ҳастаиро ҳар чи зудтар иҷро кунад. Аммо аз ҷонибҳои дигар ҳам вобастагиҳои зиёд дорад, навиштааст РИА Новости бо истинод ба суханҳои раҳбари Созмони энержии атомии Эрон Беҳрӯз Камолвандӣ.

Гуфтушуниди Теҳрон бо шашгона дар Лозанна - Sputnik Тоҷикистон
Тавофуқи “шашгона” бо Эрон дар масъалаи барномаи ҳастаӣ

"Ҳукумати мо мехоҳад, вазифаҳои худро ҳар чи зудтар иҷро кунад. Аммо ба ҳар сурат мо бояд мутмаин бошем, ки ҷонибҳои дигар ҳам вазифаҳои худро анҷом медиҳанд", — гуфтааст, ӯ дар суҳбат бо телевизиони ITV.

Аз ин рӯ, раҳбари Созмони энержии атомии Эрон мегӯяд, "барои мо зарур аст, ки қадамҳои устувору фаврӣ ва боваринок гузорем. Аммо аз ҷониби дигар ҳам вобастагиҳои зиёд дорад".

Эрон ва кишварҳои 5+1 моҳи июли соли равон билоахира дар мавриди барномаҳои ҳастаии Теҳрон ба созиши таърихӣ расиданд. Дар сурати татбиқ шудани талаботи ин созишнома тамоми таҳримҳои иқтисодию молии эълоншуда аз сӯи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Эрон лағв хоҳанд шуд.

Ин созишнома 18 октябри соли равон ба амал даромад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала