Фармондеҳи ОНМ пойгоҳи ҳарбии 201-умро тафтиш мекунад

© Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксЧорабинӣ бахшида ба 70-солагии пойгоҳи 201-уми ФР дар ҶТ
Чорабинӣ бахшида ба 70-солагии пойгоҳи 201-уми ФР дар ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Генерал-полковник Владимир Заруднитский ҷузву томҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон ва ҷараёни корҳои сохтмониро тафтиш карда, бо ҳайати баландпояи Вазорати дифоъ мулоқот анҷом медиҳад.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Фармондеҳи Округи ҳарбии Марказӣ генерал-полковник Владимир Затруднитский барои тафтиши қисмҳои низомии пойгоҳи 201 ба Тоҷикистон омад.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни таҷлили 72-солагии таъсиси базаи ҳарбии 201 Русиясийской военной базы - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия Пойгоҳи 201-ро кафили воқеии суботи Тоҷикистон номид

"Генерал Заруднитский ҷузву томҳои марбути пойгоҳи низомии 201-уми Русяиро, ки дар Тоҷикистон мустақаранд, мавриди тафтиш қарор дода, ҷараёни умури сохтмониро зери назорат мегирад. Ҳамчунин, бо афсарону сарбозон ва аҳли оилаи онҳо мулоқот карда, вазъи омодабош ва омодагии техникаи низомиро ба давраи зимистон месанҷад",- иброз дошт ёвари фармондеҳи неруҳои ОНМ полковник Ярослав Рошупкин.

Вай афзуд, дар назар аст, ки дар Душанбе мулоқоти генерал Затруднитский бо роҳбарони воломақоми артиш ва Вазорати дифои ҶТ сурат пазирад.

Пойгоҳи низомии 201-уми ФР бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар хориҷ аз он кишвар маҳсуб меёбад. Ҷузву томҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон мустақар буда, бар пояи тавофуқномаи дуҷонибаи соли 2012 то соли 2042 дар қаламрави ҶТ ҳузур хоҳанд дошт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала