AFC Хуҷандро макони баргузории сабқати футзал-2016 интихоб кард

© Официальный сайт ФФТТамрини тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Кувайт
Тамрини тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Кувайт - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозиашро 14 ноябр муқобили тими Афғонистон анҷом медиҳад.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ тасдиқ гардидааст.

Ба иттилоъи ФФТ, сабқати интихобӣ аз 14 то 16 ноябри соли равон дар маҷмааи «Қасри варзиш»-и ин шаҳр, ки барои 2700 тамошобин сохта шуда шуддаст, баргузор мешаванд.

Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ чаҳор даста — Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат меварзад. Аз ин гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон баргузор мегардад, роҳ меёбанд.

Футзал - Sputnik Тоҷикистон
Мағлубияти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз дастаи “Ал-қодсия”

Дастаи яккачини футзали Тоҷикистон нахустин бозиашро 14 ноябр муқобили тими Афғонистон анҷом медиҳад. Рӯзи дигар, 15 ноябр, бо мунтахаби Туркманистон бозӣ карда, ниҳоят 16 ноябр, футболбозони тоҷик бо дастаи Қирғизистон вориди рақобат мешаванд.

Бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар Хуҷандро шаш довари ФИФА ҳакамӣ мекунанд. Инҳо Абдулраҳмон Абдулқодир Абдулраҳмон Абдулло аз Баҳрайн, Жанг Юзе аз Чин, Ҳасан Муҳаммад Мӯсо Ал-Ҷабурӣ ва Хавкар Солор Аҳмад аз Ироқ, Ҳусейн Маҳмуд Ҳусейн Халайлеҳ аз Урдун ва Хамис Ҳасан Ал-Шамсӣ Имороти Муттаҳидаи Араб мебошанд. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала