Ҳамдардии президенту тоҷикистониён ба мардуми Русия

© Страница Посольства РФ в РТ в FacebookБГулу бозичаҳои кӯдакона дар назди бинои сафорати Русия дар шаҳри Душанбе
БГулу бозичаҳои кӯдакона дар назди бинои сафорати Русия дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амсоли ин ҳодисаро таърихи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Иттиҳоди шӯравӣ дар ёд надорад.

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бархе аз сокинони Тоҷикистон бо гузоштани гулу бозичаҳои кӯдакона дар назди бинои сафорати Русия дар шаҳри Душанбе дар робита ба суқути ҳавопаймои "Airbus-321" дар Миср ҳамдардӣ баён карданд.

"Мо аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар робита ба ҳодисаи ахир ҳамдардӣ баён карданду дар ҳолатҳои вазнин канори мардуми Русияанд, бисёр миннатдорем. Аз ҷумла миннатдории худро баҳри шахсоне баён мекунем, ки ба назди сафорати Русия дар Душанбе гулу бозичаҳои кӯдакона гузошта, шамъ равшан карданд. Ин иқдом бори дигар аз дӯстии самимии мардуми тоҷику рус хабар медиҳад", омадааст, дар иттилоияи сафорат.

Рӯзи 31 октябри соли равон ҳавопаймои Airbus-321 ширкати "Когалимавиа"-и Русия, ки мехост аз Шарм уш-Шайх ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кунад, дар қаламрави Миср суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса 224 нафар, тамоми мусофирон ва ҳайати ҳавопаймо ҷон доданд. Амсоли ин ҳодисаро таърихи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Иттиҳоди шӯравӣ дар ёд надорад.

Дар робита ба ин қазия раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо ирсоли як нома ба унвони ҳамтои русаш Владимир Путин ҳамдардӣ баён кардааст.

"Муҳтарам Владимир Владимирович, Хабари садамаи мудҳиши ҳавопаймои мусофирбар дар нимҷазираи Синай, ки боиси марги беш аз дусад нафар одамон, аз ҷумла кӯдакон гардид, ба изтироб овард", — омадааст, дар номаи Раҳмон.

Раҳмон гуфтааст, дар ин соатҳои ҳазин, аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон дар робита ба ин фоҷеа ба роҳбарият ва халқи дӯсти Русия тасаллияти амиқ баён намуда, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед.

Лентаи хабарҳо
0