Сарвазири Қазоқистон: сафари Керрӣ ҳамкориҳоро наздиктар мекунад

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ як қатор масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Остонаву Вашингтонро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо инчунин дар мавриди мавзуъҳои доғи байналмилалӣ табодули назар кардаанд.

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Сафари вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ба Қазоқистон барои ҳамкориҳои наздиктари Остонаву Вашингтон ҳавасмандиҳое эҷод кард, гуфтааст сарвазири ин кишвар Карим Масимов.

Тибқи иттилои сомонаи сарвазир, ҷаноби Масимов бо вазири корҳои хориҷии ИМА, ки дар доираи нахустин сафари расмии худ вориди шаҳри Остона шуд, мулоқот кардааст. Сарвазири Қазоқистон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии ИМА як қатор масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Остонаву Вашингтонро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо инчунин дар мавриди мавзуъҳои доғи байналмилалӣ табодули назар кардаанд.

ВАО: нахустин боздиди Ҷон Керрӣ аз Тоҷикистон

"Карим Масимов ибрози боварӣ кардааст, ки ин сафари Ҷон Керрӣ ба Қазоқистон барои наздиктар шудани ҳамкориҳои Остонаву Вашингтон ҳавасмандиҳое эҷод кардааст. Аз ҷумла дар бахши тиҷорат ва сармоягузорӣ", — навиштааст сомонаи сарвазир.

Тавре қаблан сафорати ИМА дар Қазоқистон хабар дода буд, Ҷон Керрӣ барои аввалин бор сафареро ба Остона анҷом медиҳад. Ӯ шоми 1 ноябр вориди шаҳри Остона шуда, интизор меравад, сафари ӯ ба Қазоқистон то 3 ноябр идома ёбад.

Қарор аст, Керрӣ дар доираи ин сафари худ бо раисҷумҳур Нурсултон Назарбоев ва вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Эрлан Идрисов дар шакли иҷлосияи чоруми Комиссияи Қазоқистону Амрико барои ҳамкориҳои стратегӣ мулоқот кунад.

Худи ин рӯз вазири корҳои хориҷии ИМА дар донишгоҳи пойтахти Қазоқистон дар мавзуи нақши ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ суханронӣ карда, дар мавриди сиёсат ва шарикии кишвараш бо давлатҳои ин минтақа ҳарф хоҳад зад.

Лентаи хабарҳо
0