Бонки ҷаҳонӣ: пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон осонтар шудааст

© Sputnik Амир ИсаевМаркази савдои "Пойтахт". Акс аз бойгонӣ
Маркази савдои Пойтахт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Далели тағйирёбии мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ба танзим даровардани соҳаи андозбандӣ ва савдои байналмилалӣ гуфта мешавад.

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии "Пешбурди тиҷорат" нисбат ба нишон доди соли гузашта 6 зина боло бурдаааст, мегӯянд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ.

Бозори Шоҳмансури Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
TojNews: дар бозорҳои Душанбе тиҷорат равнақ надорад

"Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар умум 14 ислоҳотро иҷро кардаанд, ки аз 10 нишондоди бозгӯкунандаи вазъи пешбурди тиҷорат дар кишвар 9 тои онро дар бар мегирад", — омадааст дар гузориши нави "Пешбурди тиҷорат"-и Бонки ҷаҳонӣ.

Қазоқистон имсол ба феҳристи даҳгонаи кишварҳое ворид шудааст, ки шароити роҳандозии тиҷорат дар онҳо мусоид аст ва ҳоло он дар ин рӯйхат дар мақоми 41, Қирғизистон — 67 ва Узбакистон дар раддаи 87-ум қарор доранд.

Далели тағйирёбии мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ ба танзим даровардани соҳаи андозбандӣ ва савдои байналмилалӣ гуфта мешавад.

На рынке в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкорони Тоҷикистон акнун соҳиби ҷашн шуданд

Инчунин Тоҷикистон бо пешниҳоди шакли электронии декларатсияи гумрукӣ корро то андозае ҳам бошад барои соҳибкорон осон кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар ин гузориши Бонки ҷаҳонӣ низ қайд шудааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар иҷрои баъзе аз нишондодҳои марбут ба танзими фазои соҳибкорӣ мисли дигар кишварҳо чандон фаъол нестанд.

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ зимни раддабандӣ, 10 нишондод, аз ҷумла сабти корхона, гирифтани иҷозатнома барои сохтмон, таъминот бо барқ, сабти моликият, қарзгирӣ, ҳимояи сармоягузор, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, таъмини иҷрои созишномаҳо ва ҳалли муфлисшавиро ба назар гирифтаанд.

Ин раддабандӣ миёни 189 давлати дунё гузаронида шуда, ҳоло Тоҷикистон дар ҷойи 132-ум қарор додааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала