Қатар мехоҳад, дар Тоҷикистон бунёдҳои сармоягузории худро дошта бошад

© Sputnik / Игорь ЛекаркинСохтмони маҷмааи истиқоматии "Диёри Душанбе". Акс аз бойгонӣ
Сохтмони маҷмааи истиқоматии Диёри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунёдҳои сармоягузории Қатар муддатҳост, дар қаламрави Русия ва Осиёи Марказӣ фаъолият мекунанд. Дар асл онҳо дар соҳаи рушди бозори амволи ғайриманқул саҳм гузошта, бештар лоиҳаҳои бузурги сохтмони маҷмааҳои истиқоматиро амалӣ менамоянд.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Қатар мехоҳад, дар Тоҷикистон Хазинаи сармоягузорӣ ва Буёнди рушди худро барои тезонидани раванди сармоягузорӣ дар иқтисоди кишвар ифтитоҳ намояд, хабар медиҳад БМТ.

Масъалаи афзоиши сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов бо муовини Мудири Раёсати рушди соҳибкории Созмони сармоягузории Қатар Муҳаммад ал-Муслим ва таҳлилгари молиявии Хазинаи рушди Қатар Султон Аҳмад ал-Усайрӣ баррасӣ шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди Қатар ба Тоҷикистон: таъсиси бонки муштарак бо $500 миллион

"Дар ҷараёни вохӯрӣ зимни баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ — гидроэнеогетика, канданиҳои фоиданок, бахши молиявӣ ва саёҳат қайд гардид, ки барои ба таври мушаххас муайян ва ҳаллу фасл намудани лоиҳаҳои маблағгузорӣ бояд намояндагии ин ду ташкилоти бонуфузи Давлати Қатар дар Тоҷикистон кушода шавад", — афзудааст манбаъ.

Умед Латифов таъкид намудааст, ки аз ҷониби Қатар ташкил намудани Хазинаи сармоягузорӣ дар ҷумҳурии мо метавонад, дар самти дастгирӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар бахши хусусӣ саҳми босазо гузорад.

Бунёдҳои сармоягузории Қатар муддатҳост, дар қаламрави Русия ва Осиёи Марказӣ фаъолият мекунанд. Дар асл онҳо дар соҳаи рушди бозори амволи ғайриманқул саҳм гузошта, бештар лоиҳаҳои бузурги сохтмони маҷмааҳои истиқоматиро амалӣ менамоянд.

Дар Тоҷикистон ҳам бо ин кор ширкати сармоягузори маъруфи Қатар — "Qatari Diyar" машғул аст. Маҷмааи истиқоматие, ки ин ширкат ҳоло дар Душанбе бунёд дорад, қариб дар маркази пойтахт қарор дошта, дар маҳалли 68 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир аст.

Хонаҳои ин маҷмаа аз нигоҳи арзиш қимматтарин дар пойтахти Тоҷикистон ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0