Боздошти як шаҳрванди Русия ба иттиҳоми ифротгароӣ дар Қирғизистон

Аз боздоштшуда адабиёти мамнуъ, акс ва наворҳои таблиғотию маводҳои дигари марбут ба яке аз ҳаракатҳои террористӣ мусодира кардаанд.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Як шаҳрванди Русия аз сӯи мақомоти амниятии Қирғизистон ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шудааст, хабар медиҳад бахши қирғизии Sputnik бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар.

Дар толори додгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таблиғгарони ҷанги Сурия аз 9 то 12 сол зиндонӣ шуданд

"Як шаҳрванди 24-солаи Русия, ки қаблан дар кофтукоби ҷиноӣ қарор дошт, дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти амниятӣ дар вилояти Чуй боздошт шудааст", — меафзояд манбаъ.

Аз боздоштшуда адабиётҳои мамнуъ, акс ва наворҳи таблиғотию маводҳои дигари марбут ба яке аз ҳаракатҳои террористӣ мусодира кардаанд.
Ҳоло алайҳи ӯ бар асоси банди 2-и моддаи 299-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон (истеҳсол, нигоҳдорӣ, тақсимот, интиқол ва ҳамлу нақли маводи экстремистӣ, инчунин истифодаи қасдан аз рамзҳои ё хусусиятҳои созмонҳои ифротгаро) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин шаҳрванди Русия дар доираи ин парванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала