Антонов: Русия аз фаъолшавии ДИИШ дар марз бо Тоҷикистон нигарон аст

© Sputnik / Владимир Песня / Гузаштан ба хазинаи аксМуовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов. Акс аз бойгонӣ
Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири дифои Русия аз ҷамъ шудани ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон, наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон нигаронӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Русия аз ҷамъ шудани ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон, наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва афзоиши нуфӯзи он дар ин қаламрави аввалӣ нигарон мебошад, гуфтааст муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов.

СПАД: ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистон хатар ба Душанбе ва Ашқобод дорад

Дар ин бора ӯ зимни нишасти сеюми вазирони дифои Иттиҳоди мамлакатҳои Осиёию Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) ибрози назар кардааст.

"Афзоиши нуфӯзи "Давлати исломӣ" дар қаламрави Афғонистонро қайд менамоем, ки ҳоло дар 25 то 30 вулусволии ин ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад ва инчунин аз ҷамъ шудани ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон, наздикии марзҳои Тоҷикистону Туркманистон нигаронем", — изҳор доштааст ӯ.

Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" дар ҳоли ҳозир бузургтарин таҳдид ба амнияти ҷаҳон талаққӣ мешавад. Тайи се соли ахир ҷангиёни "ДИ" аз нисф бештари қаламрави Ироқ ва Сурияро зери назорат гирифта, хатари паҳншавии он ба кишварҳои Африқои Шимолӣ, аз ҷумла Либиё истисно намебошад.

© Инфографика"Давлати исломӣ"
Давлати исломӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Давлати исломӣ"

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала