Роҳҳои оҳани Тоҷикистону Узбекистон тахфифҳои дуҷониба қабул карданд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ин имтиёз на дар ҳамаи қитъаҳои роҳи оҳани Узбекистон эътибор дорад.

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" минбаъд метавонад тавассути Узбекистон як қатор борҳоро бо тахфифи нави қабулшуда интиқол диҳад.

Ба иттилои Вазорати саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин тафифи 15%-а (коэффитсенти пасткунанда-0,85) ба интиқоли маҳсулоти нафтӣ, хокаи алюминий ва алюминий тааллуқ дорад.

Ҳамчунин, тавре зикр гаштааст, ин имтиёз танҳо дар қитъаҳои роҳи оҳани Кудукли-Келес ва Кудукли-Қарақалпокистон эътибор дорад.

Дар навбати худ Тоҷикистон ҳам ба ҶС "Ӯзбекистон термин йуллар" тахфифи пешниҳод кардааст, ки мувофиқи он, ҳамлу нақли борҳо тавассути қитъаи транзитии роҳи оҳани Тоҷикистон (Спитамен-Истиқлол) бо имтиёзи 15-30%-а имконпазир мегардад.

Дар сомонаи вазорат зикр нашудааст, ки тахфифи пешниҳодкардаи Тоҷикистон ба интиқоли кадом навъи борҳои Узбекистон тааллуқ дорад.

Лентаи хабарҳо
0