Иштироки се қории навраси “Қуръон” аз Тоҷикистон дар Арабистон

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузаштан ба хазинаи аксҶавони мусалмони Русия аснои қироати "Қуръон". Акс аз бойгонӣ
Ҷавони мусалмони Русия аснои қироати Қуръон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озмуни ҷаҳонии Қуръони карим аз 7-ум то 11-уми моҳи равон дар шаҳри Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Се қории навраси Тоҷикистон барои ширкат дар озмуни байналмилалии қориҳои "Қуръон" ба Арабистони Саудӣ сафар карданд, иттилоъ доданд ба Sputnik дар Маркази исломии кишвар.

Ба иттилоъи манбаъ, дар 37-умин даври Озмуни байнулмилалии мусобиқоти Қуръони карим дар Арабистони Саудӣ ба номи Малик Абдулазиз Оли Сауд дастпараварони Гимназияи исломӣ Нӯъмонҷон Абдуқодиров, Фирдавс Холиқов ва Раҳмиҷон Саидамиров иштирок мекунанд.

Ин мусобиқот дар се бахши асосӣ, ҳифз, қироат  ва тафсири Қуръони карим гузаронида мешавад. Дар ин мусобиқот 124 довталаб аз 66 кишвари дунё барои дарёфти Ҷоизаи асосии ин мусобиқот бо ҳам рақобат мекунанд.

Барои ғолибони озмун Салмон бин Абдулазиз шоҳи Арабистони Саудӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион риёли саудӣ (муодили 1,1 миллион доллари ИМА) ҷоиза таъсис додааст.

Озмуни ҷаҳонии Қуръони карим аз 7-ум то 11-уми моҳи равон дар шаҳри Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала