Чораҳои ҷадиди БМТ барои ҷалби асъори хориҷӣ

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ташкилоти қарзӣ вазифадор шудаанд, ки тартиби ба суратҳисоби бонкӣ ворид кардани асъори нақди хориҷиро ба кормандони мутасаддии муассисаҳои зертобеъ ва муштариён, моликони суратҳисобҳои бонкӣ (шахсони воқеӣ) расонида, риояи ҳатмии онро таъмин намоянд.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, маҳдуд кардани гардиши ғайрирасмии асъори хориҷӣ ва таъмини минбаъдаи рушди низоми бонкӣ дастури иловагӣ қабул шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Бонки миллӣ.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: хориҷиҳо ба мо кумак мекунанд

Ба иттилоъи манбаъ, шахсони воқеӣ (резидент ва ғайрирезидентҳо) минбаъд метавонанд асъори нақди хориҷиро ба суратҳисобҳои бонкии дар ташкилоти қарзӣ кушодаашон бе маҳдудияти ҳаҷми маблағ ва бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаи пайдоиши онҳо ворид намоянд.

Инчунин, ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд асъори нақди хориҷии барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ пешниҳодкардаи шахсони воқеиро бе маҳдудият, бо риояи талаботи муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намоянд.

Зимнан, талаботи дастурҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ба суратҳисоби бонкӣ ворид кардани асъори нақдии хориҷӣ аз эътибор соқит карда шаванд.

Ба ғайр аз ин ташкилотҳои қарзӣ вазифадор  мешаванд, ки тартиби мазкури ба суратҳисоби бонкӣ ворид кардани асъори нақди хориҷиро ба кормандони мутасаддии муассисаҳои зертобеъ ва муштариён-моликони суратҳисобҳои бонкӣ (шахсони воқеӣ) расонида, риояи ҳатмии онро таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала