Медали тиллои Даминов дар қаиқронии яккаса дар Индонезия

© SputnikШаҳриёр Даминов. Акс аз бойгонӣ
Шаҳриёр Даминов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ӯ ягона варзишгари тоҷик буд, ки имсол дар Португалия дар миёни 500 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни навҷавонон намояндагӣ кард.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Варзишгари 18-солаи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ, ки 8 ноябр дар шаҳри Палембанги Индонезия ба анҷом расид, дар каноэи яккаса байни навҷавонон дар масофаи 200 метр аввалин шуда ба марра расид ва соҳиби медали тилло гардид.

Қаиқрон Шаҳриёр Даминов 5 сонияи зиёди худро дур карданист - Sputnik Тоҷикистон
Қаиқрон Шаҳриёр Даминов ба чемпионати ҷаҳон омодагӣ мегирад

Ба гуфтаи сармураббии дастаи мунтахаби қаиқронии Тоҷикистон Нодир Сафаров, дар ин мусобиқаи қитъавӣ варзишгарони 44 кишвар ширкат доштанд.

"Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 5 варзишгар шомил буд. Танҳо ба қаиқрони ҷавон Шаҳриёр Даминов муяссар шуд, ки ба ватан бо медал баргардад",-афзуд ӯ.

Маврид ба тазаккур аст, ки Шаҳриёр Даминов, сокини 18-солаи Душанбе, ягона варзишгари тоҷик буд, ки имсол дар Португалия дар миёни 500 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни навҷавонон намояндагӣ кард. Ӯ дар сабқати каноэи яккаса дар масофаи 1000 метр бо натиҷаи 4 дақиқаву 6,948 сония дар гуруҳи "В" мақоми аввалро гирифт ва ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт.   

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала