Нурмуҳаммадзода: тайи 9 моҳ рушди воқеъии ММД 6,4% афзуд

© Sputnik Амир ИсаевҶамшед Нурмуҳаммадзода дар конфронси матбуотӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар конфронси матбуотӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аснои мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди таҳияи «Барномаи махсуси ХБА оид ба Тоҷикистон» ва зарурати расонидани кумаки техникӣ андешаҳои худро иброз доштанд.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва баррасии дурнамои тавсеъаи ҳамкориҳо миёни БМТ ва СБП дар Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.

"Ин масоил дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати нави намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пол Росс, ки бо ташрифи нахустин ба Душанбе омадааст, рӯзи гузашта мавриди баррасӣ қарор гирифт",- меафзояд манбаъ.

Ҷаноби Нурмуҳаммадзода меҳмононро бо вазъи феълии иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон шинос намуда, иброз дошт, ки сарфи назар аз ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ, раванди рушди иқтисодиёти кишвар дар нӯҳ моҳи соли равон тамоюли нисбатан муътадилро соҳиб гардид.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чораҳои ҷадиди БМТ барои ҷалби асъори хориҷӣ

Роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон Пол Росс зимни  мулоқот масъалаҳои рушди геосиёсии минтақавӣ ва таъсири он ба Тоҷикистон, сиёсати пулӣ ва асъорӣ, инкишофи бахши молиявӣ, назорат ва идораи бонкҳоро ба таври муфассал таҳлил ва баррасӣ намуд.

Аснои мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди  таҳияи «Барномаи махсуси ХБА оид ба Тоҷикистон» ва зарурати расонидани кумаки техникӣ андешаҳои худро иброз доштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала