Таҷлили Рӯзи кормандони милитсия дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевМилисаҳои тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Милисаҳои тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон, раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, собиқадорони милитсия ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар таҷлили ҷашн иштирок хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҷашни касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар маҷмааи давлатии "Кохи ваҳдат" маҷлис ва консерти идона идома дорад, ки дар он намояндагони тамоми ҷузъу томҳои ВКД ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон иштирок доранд.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД милисаи Хуҷандро барои ҷасораташ қадрдонӣ кард

Дар ин чорабинӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, собиқадорони милитсия ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ҳам ширкат менамоянд.

Ба рӯйхати дастовардҳои соҳаи милитсия дар давоми 5 сол дар Тоҷикистон, ифтитоҳи 90 бинои маъмурӣ ва иншоот, маҷмааи варзишии "Динамо", дармонгоҳи замонавӣ, амалишавии лоиҳаи "Шаҳри бехатар", бинои 5-ошёнаи маъмурӣ барои Дастаи таъйиноти махсус, як чанд иншоот дар вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва минтақаи Рашт шомил мешаванд.

То имрӯз беш аз ҳазор оилаи корманди мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва хона таъмин шуда, ин иқдом дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт.

Инчунин дар давоми 10 соли ахир ҳаҷми маоши кормандони милитсия 20 бор баланд бардошта шудааст.

Дар ин рӯз на танҳо аз кормандони соҳибрутба, балки аз афроде ҳам қадрдонӣ карда хоҳад шуд, ки дар гузашта ҳангоми иҷрои вазифа дар ин соҳа ҷони худро қурбон кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0