Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Чин барои обёрии заминҳо дар Хатлон $300 миллион сармоягузорӣ мекунад

© Sputnik / Олег ИвановМайдони пахтазор. Акс аз бойгонӣ
Майдони пахтазор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Миллионҳо сармояи Чин ба обёрии заминҳо дар ҷануби Тоҷикистон равона мешавад.

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Чин барои обёрии заминҳо дар ҷануби вилояти Хатлон 300 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад.

Бо ин маблағ 20 ҳазор гектар замин дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Ҷилилкӯл, Н.Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён обёрӣ карда мешавад. Инчунин чиниҳо дар 4,5 ҳазор гектар замин худ биринҷ, пиёз ва дигар навъи сабзиҷот кишт менамоянд.

Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров: мо набояд коргарони оддиро аз Чин биёрем

Моҳи июни соли равон палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ширкати "Ҷунтай- Хатлон синсилу"-и Чинро ба хотири ворид кардани таҷҳизот барои обёрии заминҳо дар вилояти Хатлон, ки ба муҳлати 49 сол дар ихтиёр дорад, аз пардохти андоз озод кард.

Ба ҷуз "Ҷунтай-Хатлон Синсилу" як ширкати дигар низ аз ин имтиёз бархурдор шуд — ширкати "Водии Заррин", ки қасд дорад дар ҷануби кишвар 9 ҳазор гектар заминро барои кишти зироатҳо обёрӣ кунад.

"Ин ширкатро аз пардохти $700 ҳазор озод карданд. Ин ширкат дар садад аст ба тарҳи худ 100 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кунад. Таҷҳизот ба маблағи ҳудуди $3,2 миллион харидорӣ хоҳад шуд", — хабар доданд он замон аз парлумони кишвар.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ "Эксимбанк"-и ЧИн бузургтарин ниҳоди қарздиҳанда ба Тоҷикистон ба шумор меравад, ки 43,1%-и қарзи давлатии хориҷии кишвар ($2,1 миллиард)-ро ташкил медиҳад.

Аз таҷрибаи озодкунӣ аз пардохти андозҳову таруфаҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир истифода мешавад. Чунин имтиёзоти ҳукуматро тарҳҳое соҳиб мешаванд, ки муҳим дониста мешаванду ҳадафи рушди тавлидот дар кишварро доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала