Дар Маскав Анҷумани VIII-уми расонаҳои Аврупову Осиё хотима ёфт

© Sputnik / Рамиль СитдиковАнҷумани VIII-уми расонаҳои Аврупову Осиё дар Маскав
Анҷумани VIII-уми расонаҳои Аврупову Осиё дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин ҳамоиш дар шакли як иҷлоси умумӣ бо ҳузури мудири кулли "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв, сармуҳаррири "Россия сегодня" ва сармуҳаррири телевизиони "RT" Маргарита Симонян баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Анҷумани расонаҳои Аврупо ва Осиё (АРАО), ки ташкилкунандаи он Оҷонсии иттилоотии байналмилаии "Россия сегодня" ба шумор меравад, дар шаҳри Маскав хотима ёфт.

Мавзуи меҳварии АРАО-2015 "Ҳамкории пойдор дар ҷаҳони ноустувор" ба шумор мерафт. Дар ин анҷуман беш аз 70 сармуҳаррир ва мудири расонаҳои маъруфу коршинос ва рӯзноманигори саршинос аз 14 кишвари пасошӯравӣ (Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдавия, Русия, Узбакистон, Украина, Эстония ва Тоҷикистон) иштирок карданд.

Анҷумани расонаҳои Аврупо ва Осиё (АРАО) - Sputnik Тоҷикистон
Киселев ҷанги иттилоотиро тахрибгари ақли солим хонд

Ин ҳамоиш дар шакли як иҷлоси умумӣ бо ҳузури мудири кулли "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв, сармуҳаррири "Россия сегодня" ва сармуҳаррири телевизиони "RT" Маргарита Симонян баргузор шуд.

Дар аввал Анҷумани VIII-уми расонаҳои Аврупову Осиёро мудири кулли "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв ифтитоҳ карда, таъкид кард, ки журналистика бояд мутобиқи давру замони худ бошад ва талаботи шунавандаҳои худро бояд қонеъ карда тавонад.

"Мо бояд аз талош барои фаҳмондани ҷаҳон худдорӣ кунем? Ҳар вақт мо аз ин даст кашидем, шунавандаҳои мо ҳам аз мо даст мекашанд. Зеро мардумро зарурате пеш меояд, ки ҷаҳони муосирро хуб дарк кунанд ва тасмимҳои муҳиму калидиеро барои худ ва наздиконашон бигиранд", — афзуд ӯ.

Сармуҳаррири телевизиони "RT" Маргарита Симонян ҳам зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш қайд кард, ки миёни мардуми русу ҷаҳони Ғарб рӯёрӯии идеологии муқовиматнопазире, ки дар даврони шӯравӣ буд, ҳоло дигар вуҷуд надорад.

Анҷумани VIII-уми расонаҳои Аврупову Осиё дар интизори коршиносони ВАО

"Он чи феълан дида мешавад, масоили ҳалшавандае ҳастанд, ки онҳо ҳатто миёни ҳама гуна кишварҳо, байни иёлатҳои гуногуни амрикоӣ ва миёни ниҳодҳои мухталифи Русия ҳам ҳаст имрӯз Русия ва Ғарбро мебояд дар мубориза бо бузургтарин таҳдид — созмони террористии ДИИШ муттаҳид шаванд", — илова кард Симонян.

Ба гуфтаи ӯ, "ҳоло ҷаҳон ба ҷонибе, ки аз он таҳдид ба ҳамаи мо, ҳар куҷое набошему аз куҷое наомада бошем вуҷуд дорад, назар намекунад".

Дар рафти ҳамоиш иштирокдорон ҳамкории ВАО-и собиқ кишварҳои шӯравӣ дар шароити равандҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ гуногунро баррасӣ кардаанд. Ҷаласаи асосии он дар шакли мубоҳисаи мавзӯӣ баргузор шуд.

Дар доираи барномаи АРАО — 2015 ҷаласаи махсус бо ҳузури сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова, нависандаи маъруфу рӯзноманигор Виктор Ерофеев ва сармуҳаррири рӯзномаи "Завтра" Александр Проханов барпо гардид.

Дар ҷаласаи аввал дар мавзӯи "Фазои иттилоотии Аврупо: мушкилот ва хатарҳо" афроди зерин баромад карданд: Директори кулли хабаргузории "АРМЕНПРЕСС" (Арманистон) Арам Ананян, сармуҳаррири рӯзномаи "Казахстанская правда" (Қазоқистон) Сабит Малдибаев, муовини сардабири рӯзномаи "Известия" (Русия) Борис Межуев, директори Маркази сиёсатҳои феълӣ (Русия) Сергей Михеев, муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва равобит бо ҳамватанон (Русия) Татяна Москалкова, директори Агентии миллии иттилоотии "Хабар" (Қирғизистон) Кубан Таабалдиев, директори Маркази таҳқиқоти афкори умумии Русия Валерий Федеров.

 

Лентаи хабарҳо
0