Сокинони Лозиқия баъд аз мушакборон кӯчаҳоро тамиз мекунанд

Обуна шудан
Дар натиҷаи бомборон 23 нафар ҷон додаанд. 64 тани дигар ҳам захм бардоштаанд, ки 49 нафари онҳо ҳоло дар беморхона қарор доранд. Бештари онҳо донишҷӯёне мебошанд, ки баъд аз анҷоми соати дарсӣ дар истгоҳ мунтазири мусофирбар будаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба манбаъи худ дар беморхонаи шаҳр.

Рӯзи сешанбе дар шоҳроҳи пайвасткунандаи шаҳр бо фурудгоҳи низомии "Хмеймим", ки дар онҷо неруҳои ҳавоии Русия мустақаранд, ду таркиш ба амал омадааст.

Тибқи иттилои аввалия, ин ду таркиш дар пайи суқути мушакҳои ҷангиён ба вуқуъ пайвастааст, ки аз маҳаллаи Лозиқия сар дода шудаанд. Яке аз ин мушакҳо дар донишкадаи Тишрин ва дуюмӣ дар наздикии мактаби миёнаи занона суқут кардааст. Дар пайи ин таркишҳо пиёдагардон ва мошинҳо осеб дидаанд.

Дар натиҷаи бомборон 23 нафар ҷон додаанд. 64 тани дигар ҳам захм бардоштаанд, ки 49 нафари онҳо ҳоло дар беморхона қарор доранд. Бештари онҳо донишҷӯёне мебошанд, ки баъд аз анҷоми соати дарсӣ дар истгоҳ мунтазири мусофирбар будаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба манбаъи худ дар беморхонаи шаҳр.

Шоҳидони ҳодиса аз парвози чархбол ва ҳавопаймоҳои низомии Русия дар лаҳзаҳои аввали баъд аз таркиш ба осмон хабар додаанд. Ба гуфтаи онҳо, чархболу ҳавопаймоҳои ҷангандаи Русия ба самте парвоз кардаанд, ки аз он ҷо мушакҳо сар дода шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0