Барои лоиҳаи “Дарвозаи хоросанг” сармоягузор лозим аст

Ҳазинаи сохтмони неругоҳи барқӣ-обии “Дарвозаи Санги Хоро” дар дарёи Панҷ 2 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, барои бунёди НБО "Дарвозаи Санги Хоро” дар дарёи Панҷ сармоягузор пайдо кунанд, иттилоъ медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар.

"Тибқи арзёбиҳои аввалия, барои амалишавии ин лоиҳаи сармоягузорӣ беш аз ду миллиард доллари амрикоӣ лозим аст", — афзудааст манбаъ.

Ин лоиҳа ҳоло ба сандуқи сармоягузорӣ ворид шуда, барои омӯзиш ба сармоягузорон пешниҳод гардидааст.

Бар асоси арзёбиҳои фаннии аввалия, иқтидори ин неругоҳ 2,1 ҳазор МВт ва ё 10,5 миллиард кВт.соат нерӯи барқ дар як сол мебошад.

Барои муайян кардани давраи бозпардохти ҳазинаи сохтмон таҳия кардани асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа зарур аст.

Муштариёни барқи истеҳсолкардаи НБО "Дарвозаи Санги Хоро" дар ҳоли ҳозир Афғонистон, Покистон ва кишварҳои дигар гуфта мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала