Назарзода ба Кортни Гол: ҳамкориро дар оянда мустаҳкам хоҳем кард

© Sputnik Амир ИсаевРустам Назарзода дар нишасти матбуотии Агентӣ
Рустам Назарзода дар нишасти матбуотии Агентӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кортни Гол дар Агентӣ аз утоқи нигоҳдории маводи мухаддир, тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва бухории махсус барои сӯзонидани нашъа боздид кардаст.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров субҳи рӯзи ҷумъа бо Департаменти давлатии Амрико оид ба масъалаҳои Тоҷикистон Кортни Гол мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Агентӣ.

Зимни мулоқот Назарзода Кортни Голро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, ташаббусҳои ҳукумат дар соҳаи назорати маводи мухаддир ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин соҳа шинос намуд.

Таҷлил аз солгарди таъсисёбии Агентии зидди маводи мухаддир

Инчунин дар Агентӣ Кортни Гол аз утоқи нигоҳдории маводи нашъаовар, тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва бухории махсус барои сӯзонидани нашъа дидан намудаст.

"Масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва Сафорати ИМА дар Душанбе дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд",- фазуд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала