Ду медали нуқраи гуштигирони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии самбо

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Набимуҳаммад Хоркашов ва Акмалиддин Каримов, паҳлавонони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш медали нуқра ба даст оварданд, иттилоъ дод дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон Маҳмуди Абдулло дарп як сӯҳбати катбӣ бо Sputnik.

"Набимуҳаммад дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш шаби гузашта ба анҷом расид, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило мақоми дувумро касб кард",- иброз дошт ӯ.

Ба қавли манбаъ, Хоркашов пас аз се ғалаба бар рақибонаш аз Гана, Булғористон ва Гурҷистон дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Артём Осипенко варзишгар аз Русия, ки барои чаҳорумин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд, шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ин дуввумин медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш маҳсуб меёбад. Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов 14 ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Булғористон, Русия ва Қазоқистон ба финал баромад.

Самбо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Самбо: дар интизории такрори қаҳрамонии Саъидмӯмин Раҳимов

Аммо ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Вахтанг Чидрашвили (Гурҷистон) шикаст хӯрда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Ба ҳайати мунтахаби кишвар оид ба самбои варзишӣ шаш гуштигир — Ардашер Исмоилов (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Хушқадам Хусравов (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Муҳаммадризо Қурбонзода (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашов (беш аз 100 кг) ва оид ба самбои размӣ як нафар — Табрезшо Парпишоев (74 кг) — дохил буданд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифт.

Маврид ба ёдоварист, гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо бо медалҳои нуқраву биринҷӣ сарфароз гаштаанд, аммо баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар Мински Беларус ҳеч як варзишгари тоҷикистонӣ медали тилло ва унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самборо ба даст наовардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала