Ванҷ: ширкати чинӣ дар Поймазор корхонаи мармар мекушояд

© Sputnik Хилватшо ХоджаевНамои деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ дар Бадахшон
Намои деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ дар Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Кони мармари “Поймазор” бузургтарин захираи мармар дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, бо хусусияти фарқкунандаи сангаш диққати мутахассисонро ба худ ҷалб кардааст. Мармари сафеди ин ҷо нарму мулоим ва коркарди он осону истифодааш дар корҳои ороишӣ қулай мебошад.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Як ширкати маъруфи чинӣ дар кони мармари деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ, воқеъ дар қаламрави Бадахшон ба кор оғоз кард, иброз дошт дар як сӯҳбати телефонӣ бо Sputnik раиси ҷамоати "Рованд"-и ин ноҳия Рустам Ёдгоршоев.

"Ин ширкат аллакай се километр роҳеро, ки солҳои навадуми садаи бист сохта буданд ва равуои нақлиётро то маҳалли мармар таъмин мекард, таъмир намуда, аз сари нав барқарор сохтанд. Умури дигар дар минтақа босуръат идома дорад",- афзуд ӯ.

Ба қавли оқои Ёдгоршоев, ҳамроҳ бо мутахассисони чинӣ 15 сокини маҳаллӣ низ ба кор ҷалб гардида, оянда теъдоди онҳо хоҳад афзуд.

Кони мармари "Поймазор" бузургтарин  захираи мармар дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, бо хусусияти фарқкунандаи сангаш диққати мутахассисонро ба худ  ҷалб кардааст. Мармари сафеди ин ҷо нарму мулоим ва коркарди он осону истифодааш дар корҳои ороишӣ қулай мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи маҷмааи ҷаҳонгардии "Ванҷи боло" аз ҷониби Раҳмон

Ба гуфти коршиносон, кони "Поймазор" ду намуди мармар — сафеди барфӣ ва ҷигарӣ дорад, ки  талабот ба онҳо дар бозор хеле зиёд аст. Мутахассисони чинӣ таҷҳизоти сангбуриро бо худ оварда, намунаҳои тахтасанги мармарро омода карданд. Рӯзҳои наздик корҳои омӯзиши пурраи кон ва баҳисобгирии захираи он  ба анҷом мерасанд. Интизор меравад, ки аз баҳори соли оянда корҳои истихроҷи мармар дар кон авҷ мегиранд.

Дар сурати муваффақ гаштан масъулини ширкати чинӣ тасмим гирифтаанд, то 150  сокини маҳаллиро ба кор ҷалб кунанд. Ҳамчунин нақша доранд, ки роҳи ҳаштодкилометраи нақлиётиро аз маркази ноҳия то деҳаи Поймазор давра ба давра мумфарш намоянд.   

Лентаи хабарҳо
0