Sputnik бо бузургтарин расонаи Индонезия созишномаи ҳамкорӣ имзо кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкЛоготипи Оныонси иттилоотии байналмилалии "Спутник". Акс аз бойгонӣ
Логотипи Оныонси иттилоотии байналмилалии Спутник. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо дар мавриди тавсеаи ҳамкории касбии дуҷониба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун ва табодули матолиби иттилоотӣ ба тавоқуф расиданд.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Оҷонси иттилоотӣ ва радиои Sputnik бо бузургтарин хабаргузории Индонезия — "Antara" созишномаи ҳамкорӣ имзо кард.

Ҷонибҳо дар мавриди тавсеаи ҳамкории касбии дуҷониба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун ва табодули матолиби иттилоотӣ ба тавоқуф расиданд.

Муовини директори кулли Sputnik Павел Андреев дар шарҳи имзои ин созишнома гуфт, "Имзои созишномаи мазкур ба расонаҳои мо имкон медиҳад, то ба таври фаврӣ иттилои дақиқу муҳим аз афроди аввалро мубодила кунанд, ки ин чиз дар замони феълӣ барои бунёди фазои иттилоитии гуногунҷабҳа ва мутавозини ҷаҳонӣ муҳим аст".

Имзо ин созишно зимни вохурии 39-уми аъзои Кумитаҳои иҷроияи Оҷонсиҳои хабарии Осиё ва Уқёнуси ором, ки аз 15 то 18 ноябри соли равон дар Сеул бо таҳти сарпарастии хабаргузории "Yonhap"-и Кореяи ҷанубӣ баргузор мешавад, сурат гирифтааст.

"Antara" — хабаргузории миллии Индонезия мебошад, ки соли 1937 таъсис ёфтааст. Қароргоҳи марказиим он дар Ҷакарта ҷойгир буда, бо забонҳои индонезию англисӣ хабар пахш мекунад. Ин хабаргузорӣ дар тамоми навоҳии Индонезия намояндагиҳои худро дорад ва дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Ню-Йорк, Лондон ва Куала-Лумпур ҳам бахшҳои он фаъолият мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0